Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Боздид аз қароргоҳи дастаи таъиноти махсуси милитсия

14.09.2013 13:14, шаҳри Бӯстон

Дар шаҳри Чкалов Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба қароргоҳи доимии дастаи таъиноти махсуси милитсияи Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Суғд ташриф оварда, бо шароити будубош ва хизматии ҳайати шахсии он бевосита шинос шуд.

Дар аввали боздид аз ҷониби ҳайати шахсии ин дастаи таъиноти махсус машқҳои зиддитеррористӣ доир ба озод кардани гаравгонон ва безарар гардондани ҷинояткорони шартии мусаллаҳ намоиш дода шуд.

Зимни боздид аз қароргоҳи доимии дастаи таъиноти махсус, аз ҷумла аён гардид, ки биноҳои он бо харҷи беш аз 3 миллион сомонӣ мавриди навсозии куллӣ қарор гирифта, дар он шароити муосири будобоши шаборӯзӣ, машқу тамринҳои махсус, аз ҷумла майдончаҳои машқҳои низомӣ, майдону толори калони варзишӣ ва ғайра муҳайё гардидааст. Ошхона ва ошпазхонаи бино ҳам бо тамоми дастгоҳу таҷҳизоти зарурӣ ва мизу курсиҳои бароҳат таъмин мебошад.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон таъкид дошт, ки барои таъмини онҳо бо хӯроки серғизо ва дигар шароити зарурӣ пайваста ғамхорӣ зоҳир карда шавад.

Зимни суҳбатҳо бо роҳбарият ва ҳайати шахсии ин дастаи таъиноти махсус, аз ҷумла иттилоъ дода шуд, ки онҳо дар нигоҳ доштани тартиботи ҷамъиятӣ, ҳизфи оромию суботи ҳаёти мардум ва дар мубориза бо ҷинояткорони хавфнок саҳми арзандаи таҳсин доранд.

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бо ёдоварӣ аз ғамхориҳои пайвастаи давлату ҳукумат баҳри муҳайё намудани тамоми шароити зарурӣ барои сохторҳои низомию амниятии кишвар, онҳоро ба хизмати софдилонаю содиқона ба халқу Ватан ҳидоят намуд.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520