Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Оғози сафари корӣ ба вилояти Суғд

14.09.2013 12:54, шаҳри Бӯстон

Субҳи имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар ифтитоҳи як зумра иншооти истеҳсолӣ ва иҷтимоию фарҳангӣ ва ҳамчунин шиносоӣ бо вазъи зиндагии мардум ба вилояти Суғд ташриф овард.

Сафари корӣ ба вилояти Суғд бо боздид аз шаҳри Чкалов оғоз ёфт. Дар маҳаллаи нави ин шаҳри овозадори саноатӣ бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар фазои тантанавӣ бинои истиқоматии дорои 46 хона барои омӯзгорони Мактаби Президентӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

Тавре аён гардид, дар ин бино 46 омӯзгор соҳиби хонаҳои барҳавои истиқоматӣ гардиданд. Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон аз чанд хонаи ин бино дидан карда, ба сифати корҳои сохтмон ва ороиш баҳои баланд дод. Шодию фараҳи омӯзгоронро аз ин туҳфаи пурарзиши Сарвари давлат ҳадду канор нест, зеро дар воқеъ соҳиби хонаи нав шудан рӯйдоди басо муҳим дар ҳаёти ҳар як оила аст.

Чунонки иттилоъ доданд, ин бино аз хонаҳои як, ду ва сеҳуҷрагӣ иборат буда, бо харҷи 6 миллион сомонӣ маблағҳои ҷумҳуриявӣ дар заминаи бинои чорошёнаи нимсохт бунёд ёфтааст.

Дар ин бино беш аз 90% омӯзгорони мактаби Президентии шаҳри Чкалов соҳиби хонаҳои хизматӣ шуданд. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон омӯзгорони хуштолеъро бо ин рӯйдоди пурфараҳ табрику таҳният гуфта, изҳор дошт, ки минбаъд сохтмони чунин биноҳо барои кормандони соҳаҳои маорифу тандурустӣ ва дигар бахшҳои иҷтимоӣ идома хоҳад ёфт.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520