Имрӯз дар шаҳри Бишкек пеш аз оғози ҷаласаи навбатии сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон чанд мулоқоти дуҷониба анҷом дод.
Вохӯрии аввали Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Ҳасани Рӯҳонӣ баргузор шуд.
Дар мулоқот доир ба ҷанбаҳои гуногуни ҳамкории бисёрсоҳаи Тоҷикистону Эрон гуфтугӯй сурат гирифт.
Таваҷҷуҳи зиёд ба густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ ва сармоягузорӣ зоҳир гардид. Бо хушнудӣ аз афзоиши сармоягузориҳои Эрон ба иқтисодиёти Тоҷикистон, аз ҷумла дар сохтмони нерӯгоҳи Сангтӯда-2 ва таъсиси дигар ширкатҳои муштарак изҳори боварӣ карда шуд, ки ин кишвар дар бунёди дигар иншооти гидроэнергетикӣ ва саноатии Тоҷикистон саҳми арзандаи худро мегузорад.
Ба бунёди роҳҳои оҳану мошингард, хатти интиқоли нерӯи барқ ва лӯлаҳои об ва нафт миёни Тоҷикистону Эрон ва ҳамчунин роҳи оҳани Эрон-Афғонистон-Тоҷикистон-Қирғизистон-Чин низ таваҷҷуҳи хос зоҳир гардид.
Ҳарду ҷониб ба баргузор намудани як ҳамоиши бузурги соҳибкорону тоҷирони ду кишвар дар шаҳри Душанбе барои таъмини иштироки васеи ҷониби Эрон дар татбиқи лоиҳаҳои сармоягузории Тоҷикистон изҳори ҳавасмандӣ карданд.
Гуфтугӯйи судманд, ҳамчунин доир ба авзои кунунию минбаъдаи Афғонистон ва дигар мавзӯъҳои минтақавию ҷаҳонӣ сурат гирифт.