Нимаи дуюми рӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар ҷаласаи навбатии сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай вориди шаҳри Бишкек, пойтахти Ҷумҳурии Қирғизистон шуд.
Дар фурӯдгоҳии байналмилалии Манаси шаҳри Бишкек Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро Сарвазири Қирғизистон Жанторо Сотиболдиев ва дигар шахсони расмӣ истиқбол гирифтанд.
Худи ҳамин рӯз мулоқотҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин ва Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Нурсултон Назарбоев дар назар аст.
Дар ҳошияи мулоқот бо Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин имзои созишномаи дуҷониба доир ба кашидани лӯлаи гази Туркманистон-Чин аз тариқи қаламрави Тоҷикистон дар назар аст.
Пагоҳ, 13-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи навбатии сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай иштирок ва суханронӣ намуда, чанд мулоқоти дуҷонибаи дигар анҷом хоҳад дод.