Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Барқияи табрикотии Президенти Федератсияи Россия

06.04.2012 12:00

Президенти Федератсияи Россия Дмитрий Медведев унвонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барқияи табрикотӣ ирсол намуд, ки дар он, аз ҷумла, чунин омадааст:

«Мӯҳтарам Эмомалӣ Шарифович,

Ба муносибати 20 - солагии барқароршавии муносибатҳои дипломатии байни Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Тоҷикистон табрикоти самимонаро қабул фармоед.

Тайи солҳои гузашта бо саъю кӯшишҳои якҷоя ба мо муяссар гардид, ки ҳамкории дуҷонибаро, ки дар анъанаҳои бисёрсолаи дӯстӣ қарор дорад, ба сатҳи сифатан нав бардорем. Россия ва Тоҷикистон муколамаи сиёсӣ ва робитаҳои тиҷоратиро пайваста таҳким бахшида, ҳамоҳангсозиро дар масъалаҳои муқобилат ба хавфу таҳдидҳои нав роҳандозӣ менамоянд.

Аминам, ки ривоҷи минбаъдаи ҳамкорӣ дар умури байналмилалӣ ва минтақавӣ, аз ҷумла дар ҳошияи иттиҳодияҳои ҳамгироӣ ҷавобгӯи манфиатҳои кишвару халқоямон буда, ба кори сулҳу амнияти Осиёи Марказӣ хидмат менамояд.

Ба Шумо, тансиҳатии бардавому комёбиҳо ва ба халқи дӯсти Тоҷикистон беҳбудию шукуфоӣ орзӯ дорам».

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520