Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Суханронӣ дар Наврӯзгоҳи пойтахт ба муносибати таҷлили 22-солагии истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

09.09.2013 19:11, шаҳри Душанбе

Ҳамватанони азиз!
Муҳтарам сокинони пойтахт!
Меҳмонони арҷманд!

Дар ин лаҳзаҳои пур аз шодиву сурур ҳамаи шумо - сокинони иззатманди пойтахт, ҷавонони ватандӯст ва бонангу номус, зиёиён ва аҳли ҳунар, меҳмонони арҷманд ва тамоми ҳамватанони азизамонро бори дигар ба ифтихори ҷашни бисёр фархундаву бузург - Рӯзи истиқлолияти давлатии Тоҷикистон самимона табрик гуфта, ба хонадони ҳар яки шумо файзу баракат ва дар кору пайкоратон ба хотири ободии Ватани муқаддасамон барору комёбӣ орзу менамоям.

Рӯзи истиқлолияти давлатии Тоҷикистон барои миллати куҳанбунёд ва сарбаланди тоҷик бузургтарин ва шукӯҳмандтарин санаи сиёсиву таърихӣ ба ҳисоб меравад.

Ин сана барои мо – тоҷикон рӯзи ба ҳақиқат табдил ёфтани ормонҳои ҳазорсолаи ниёгонамон ва натиҷаи талошҳои халқи куҳанбунёди мо барои расидан ба соҳибдавлативу соҳибихтиёрӣ мебошад.


Ҳамзамон бо ин, Рӯзи истиқлолият натанҳо ҷашни бузурги сиёсии давлати тоҷикон, балки нишонаи барҷастаи садоқату шукрона ба Ватани аҷдодӣ ва ҷашни заҳмати созанда ба хотири рушди кишвари азизамон ба шумор меравад.

Гузашта аз ин, истиқлолияти давлатӣ барои мо рамзи олии Ватану ватандорӣ, азму талоши садоқатмандона ба хотири эъмори ҷомеаи шаҳрвандӣ, зиндагии озодонаи ҳар як фард ва бахту саодати воқеии миллат аст.

Муҳимтар аз ҳама, истиқлолият барои мо далели возеҳу бебаҳси пойдории давлат, бақои миллат, рамзи асолату ҳувияти миллӣ, мазҳари идеалу ормонҳои таърихӣ, шиносномаи байналмилалӣ ва ба ҷаҳони мутамаддин пайвастани кишвари соҳибистиқлоли Тоҷикистон мебошад.

Маҳз ба шарофати ҳамин неъмати бебаҳо дар кишвари ҳамешабаҳори мо иқдомҳои бунёдкоронаву созанда ҳамарӯза вусъати тоза касб мекунанд.


Имрӯз мардуми шарифи мо хуб эҳсос мекунанд, ки давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон, сарфи назар аз ҳамаи мушкилоту монеаҳои мавҷуда, тамоми захираву имкониятҳоро барои беҳбуд бахшидани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ сафарбар кардааст.

Натиҷаи ҳамин саъю талоши пайваста аст, ки вазъи иқтисодиву иҷтимоии мамлакатамон сол аз сол беҳтар гардида, сиёсати пешгирифтаамон торафт самараҳои нек медиҳад.


Дар баробари ин, мехоҳам таъкид намоям, ки дар ҷаҳони пуртазоди муосир ва рӯз ба рӯз шиддат гирифтани рақобату печида гардидани авзои сайёра тақдири имрӯзу ояндаи худро дар даст доштан, соҳибихтиёрии давлатӣ, давлатдории миллӣ ва дастовардҳои истиқлолиятро ҳифз намудан, амнияти кишвару оромии ҷомеаро таъмин кардан ва ҳимояи манфиатҳои миллӣ аз мардуми шарифи Тоҷикистон ҳушёриву зиракӣ, сарҷамъиву ҳамдигарфаҳмӣ, инчунин иҷрои корҳои бузург ва татбиқи барномаҳои муҳими стратегиро барои даҳсолаҳои дигар тақозо мекунад.


Дар ин раванд мо ҳамеша ба халқи азизу сарбаланди худ такя мекунем ва тамоми саъю кӯшиши худро ба он равона месозем, ки дар давоми солҳои наздиктарин мушкилоти мавҷудаи имрӯзаро бартараф намоем ва барои таъмини зиндагии шоистаи ҳар як сокини мамлакат шароиту имкониятҳои заруриро фароҳам созем.


Бовар дорам, ки мардуми шарифи кишвар ва фарзандони бонангу номуси халқи сарбаландамон қадру қимати истиқлолиятро аз ҳарвақта бештар дарк намуда, барои татбиқи ҳадафҳои бузурги миллӣ, пешрафти босуботи Ватани азизамон, таҳкими ваҳдати миллӣ ва тақвияти суботу оромии ҷомеа минбаъд низ саъю талош менамоянд.

Ҳамчунин итминони комил дорам, ки мо бо заҳмати аҳлонаву дастаҷамъона дар ояндаи наздик давлати мустақилу озоди худро ба як кишвари ободу пешрафтаи олам табдил медиҳем.


Мададгори мо дар ин роҳи нек рӯҳи ҷовидонаи бузургони гузашта, дуои хайри пирони рӯзгордида ва ғайрати ҷавонони бонангу номуси халқамон мебошад.

Бори дигар ҳамаи шумо, ҳозирини гиромӣ ва кулли ҳамватанони азизамонро ба ифтихори Рӯзи истиқлолият шодбош гуфта, ба ҳар кадоми шумо саломативу сарбаландӣ, зиндагии осуда ва иқболи нек орзумандам.

Ҳамеша сиҳатманду комёб бошед!

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон, 2005 - 2016
Тел/Факс.: (+992 37)2212520