Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ифтитоҳи “Ошёни дониш ва хизматрасонӣ”

05.09.2013 20:52, шаҳри Душанбе

Дар ошёнаҳои аввали бинои бисёрошёнаи Маҷмааи истиқоматии «Пойтахт-80», ки дар хиёбони Рӯдакии пойтахт қарор дорад, бо номи “Ошёни дониш ва хизматрасонӣ” як фурӯшгоҳи бузурги китоб мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

Лентаи рамзии ифтитоҳи ин боргоҳи илму маърифат аз ҷониби Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ва адибони маъруфу машҳури кишвар бурида шуд.

Тавре иттилоъ доданд, Ошёни дониш ва хизматрасонӣ дар масоҳати 5100 метри мураббаъ ҷойгир буда, ба бузургтарин маркази фурӯши китоб ва хизматрасонии иттилоотию маърифатӣ табдил ёфтааст.

Дар ин боргоҳи маърифат анвои гуногуни китобҳои илмию оммавӣ, бадеӣ, ашъори шоирони маъруфи тоҷику ҷаҳонӣ, адабиёти кӯдакона ва рӯзномаю маҷаллаҳо ба доираи васеи хонандагон пешкаш мегардад.

Дар таҳхонаи он бунёди китобхонаи электронӣ дар назар аст, ки беш аз 1 миллион нусха китоб дар он маҳфуз хоҳад буд. Он ҳамчунин бо тамоми китобхонаҳои электронии ҷаҳон робита хоҳад дошт.
 

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520