Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шиносоӣ бо рафти сохтмони Маркази муосири тиҷоратӣ дар кӯчаи Меҳнати пойтахт

05.09.2013 20:50, шаҳри Душанбе

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба кӯчаи Меҳнати шаҳри Душанбе ташриф оварда, бо рафти сохтмони яке аз бузургтарин марказҳои муосири тиҷоратии пойтхт, ки дар майдони беш аз 10 га бо харҷи тақрибан 120 миллион сомонӣ бунёд меёбад, бевосита шинос шуд.

Зимни шиносӣ бо лоиҳаи сохтмон, аз ҷумла зикр гардид, ки бинои асосии маркази тиҷоратӣ дар майдони 3,3 га ҷойгир шуда, барои фурӯши маҳсулоти ниёзи ҳаррӯзаи мардум, пеш аз ҳама хӯрокворӣ, аз қабили меваю сабзавоти тару тоза, меваю сабзавоти хушку консервашуда, қаннодӣ ва либосворию ашёи рӯзгор пешбинӣ шудааст.

Тибқи нақша дар ҳамаи бахшҳои ин бозор оянда бояд беш аз 1000 ҷойи корӣ муҳайё гардад. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод намуд, ки бинои асосӣ сеошёна сохта шавад ва таъкид намуд, ки “дар ин ҳолат он ҳамчунин хеле зебою диданӣ мешавад ва ҳам боз 300-400 ҷойҳои иловагии корӣ муҳайё мегардад”. Ҳамин тариқ оянда дар ин маркази тиҷоратӣ қариб якуним ҳазор ҷойи корӣ муҳайё хоҳад шуд.

Бинои бузурги дигари марказ, ки майдони 3 гектарро ишғол хоҳад кард, барои фурӯши масолеҳи сохтмонӣ пешбинӣ гардидааст.

Ҳоло дар сохтмони ин маркази бузурги тиҷоратӣ 230 нафар бинокорон бо 22 техникаю механизмҳои боркашу сохтмонӣ сафарбар гардида, кор дар 2 баст идома дорад. Ояндаи наздик шумораи бинокорон ба 350 нафар хоҳад расид.

Сохтмони ин маркази бузурги тиҷоратӣ, ки дар он ҳамчунин тамоми намуди хизматрасониҳои иловагӣ, пеш аз ҳама таъмини бехатарӣ аз сӯхтор пешбинӣ шудааст, то моҳи сентябри соли 2014 бояд ба поён расад.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520