Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Иштирок дар ифтитоҳи Маркази маъмурию тиҷоратии Рӯдакӣ-Плаза

05.09.2013 19:36, шаҳри Душанбе

Бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар хиёбони Рӯдакии пойтахт маркази маъмурӣ ва тиҷоратии Рӯдакӣ-Плаза, ки бо се ошёнаи зеризаминӣ аз 14 қабат иборат аст, мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. 

Зимни шиносоӣ, аз ҷумла иттилоъ дода шуд, ки дар ин марказ то имрӯз барои 135 нафар кори доимӣ муҳайё гардидааст.

Чунонки аён гардид, дар се ошёнаи зеризаминии он барои 105 мошин таваққуфгоҳ ва дар се ошёнаи аввали рӯизаминӣ бузургтарин фурӯшгоҳ – супермаркет дар ҷумҳурӣ ҷойгир шудааст. Ошёнаи якуми супермаркет барои хӯрокворӣ пешбинӣ шудаст, ки дар он тамоми анвои ин маҳсулот аз дохил ва хориҷи кишвар барои ҳама гуна харидорон пешниҳод мегардад. Тамоми маҳсулоти хӯрокворӣ хушсифат ва дорои сертификати зарурӣ мебошад.

Ошёнаи дуюми супермаркет барои фурӯши либосворӣ ва пойафзол пешбинӣ шудааст. Дар шуъбаҳои гуногуни он маҳсулот аз корхонаю ширкатҳои маъруфи дохил ва хориҷи кишвар, аз ҷумла аз ширкатҳои дорои нуфузи ҷаҳонӣ, ё худ либосворию пойафзоли  ба истилоҳ “брендӣ” пешкаши мизоҷон гардидааст.

Дар қабати сеюми супермаркет фурӯшгоҳҳои атриёт ва ҷавоҳирот ҷойгир шудаанд, ки дар онҳо анвои бешумори маҳсулоти ин соҳаҳо дастрас аст.

Чунонки  иттилоъ доданд, нуқтаҳои фурӯши маҳсулот иҷоравӣ буда, барои 2-3 моҳи аввали фаъолият ба тоҷирон бе иҷорапулӣ дода шудаанд.

Дар 8 ошёнаи болоии маркази Рӯдакӣ Плаза утоқҳои корӣ ҷойгир шудаанд, ки ба хоҳишмандон ба таври иҷора пешкаш мегарданд.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520