Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ифтитоҳи корхонаи ҷамъоварии троллейбусҳо дар шаҳри Душанбе

05.09.2013 19:10, шаҳри Душанбе

Нимаи дуюми рӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе як зумра иншооти нави дигарро мавриди баҳрабардорӣ қарор дод.

Дар қисмати ҷанубии пойтахт бо иштироки Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон як иншооти нави саноатӣ – Корхонаи воҳиди давлатии “Насби нақлиёти барқӣ (тролейбус) ва дучарха” расман ифтитоҳ ёфт.

Хотиррасон бояд намуд, ки бунёди корхона 31 августи соли 2011 оғоз ёфта буд ва инак пас аз 2 сол он бо харҷи 13 миллион сомонӣ ба кор дароварда шуд.

Тавре зикр гардид, ин корхона фаъолияти худро дар ҳамкорӣ бо корхонаи троллейбусбарории ТРОЛЗА-и шаҳри Энгелси вилояти Саратови Федератсия Русия  ба роҳ монда, асосан ба ҷамъоварии троллейбусҳо аз қисмҳои эҳтиётии он машғул аст. Дар марҳилаи кунунӣ танҳо 10%-и корҳои ҷамъоварии ниҳоии троллейбус дар ин корхона анҷом дода мешавад. Яъне троллейбусҳо аз корхонаи ТРОЛЗА-и Русия бо ҷамъоварии 90-фоиза ба шаҳри Душанбе дастрас мегарданд ва 10% корҳои ниҳоӣ дар ин ҷо анҷом дода мешаванд. Дар ин корхона танҳо дару тиреза, чароғҳои беруну дарун, курсиҳо ва дигар қисмҳо насб мегардад. Ба ҳамин тартиб ҳоло дар ин ҷо 4 адад троллейбус омода гардидааст. Оянда дар ин ҷо ҷамъоварии 35-40- фоизаи троллейбусҳо ба роҳ монда мешавад. Минбаъд, ҳамчунин истеҳсоли троллейбусҳои гибрид дар назар аст, ки бе пайвастшавӣ ба хатти барқӣ бо нерӯи аккумулятор  аз 10 то 40 км ҳаракат мекунад.

Троллейбусҳои дар ин ҷо истеҳсолшаванда дорои навовариҳои зиёд буда, ба стандартҳои аврупоӣ ҷавобгӯй мебошанд. Дар онҳо, аз ҷумла барои бе мушкил савор шудану фурӯд омадани мусофирони дорои нуқсонҳои ҷисмонӣ, ки бо арабоча мегарданд, механизми махсус насб шудааст. Дар дохили троллейбус низ барои онҳо ҷойи махсуси бехатар муҷаҳҳаз гардидааст. 

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дастур дод, ки дар ин ҷо оянда ҷамъоварии автобусҳо низ ба роҳ монда шавад.

Бо иқтидори кунунияш ин корхона дар як сол метавонад 60 адад троллейбус омода созад, вале ҳаҷми ин кори корхона вобаста ба дархостҳои фармоишгарон аст.

Дар ин корхона, ҳамчунин навсозии троллейбусҳои кӯҳнаю фарсудаи шаҳри Душанбе анҷом дода мешавад. Барои иҷрои чунин корҳо дар ин ҷо чанд коргоҳи махсус, аз ҷумла барои росту ҳамвор кардани қисмҳои осебдида, суфтасозӣ, рангубор ва насби қисмҳои гуногуни эҳтиётӣ омода гардидааст.

Дар ин коргоҳҳо то имрӯз як троллейбуси кӯҳна навсозию барқарор шуда, як тои дигар дар навбат истодааст. То охири сол дар корхона 15 троллейбуси нав ҷамъоварӣ ва 15 то кӯҳнааш навсозӣ мешавад.

Дар марҳилаи дуюми бунёди корхона дар ин ҷо, ҳамчунин  истеҳсоли дучархаҳои  гуногун, аз ҷумла барои кӯдакон ва калонсолон ба роҳ монда мешавад.

Дар ин корхона ҳоло 60 нафар бо кори доимӣ таъмин гардидаанд. 5 нафари онҳо мутахассисоне мебошанд, ки дар корхонаи ТРОЛЗА-и Русия такмили ихтисос намуда, аз ҷумлаи кормандони фаъолу кордони он ба шумор мераванд. Ояндаи наздик шумораи коргарон дар ин корхона ба зиёда аз 100 нафар расонда хоҳад шуд.

Дар паҳлӯи ин корхона ҳамчунин нуқтаи фурӯши гази табиӣ ва моеъ сохта шудааст, ки пеш аз ҳама, барои автобусҳои ҷамъиятии пойтахт пешбинӣ гардидааст, то ки онҳо дар фурӯшгоҳҳои дигар бисёр дар навбат наистанд.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520