Субҳи имрӯз ба Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон раисони шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Қайроққум, Чкалов, Табошар, Ҷаббор Расулов, Ҷиргатол, Тавилдара, Тоҷикобод, Рашт, Нуробод ва Норак телефонӣ ҳисобот доданд.
Зимни ҳисоботи раисони шаҳрҳои Хуҷанд, Қайроққум, Чкалов, Табошар ва Норак таваҷҷуҳи асосӣ ба иҷрои буҷети давлатӣ дар семоҳаи аввали соли равон, таъмини фаъолияти шаборӯзии корхонаҳои саноатӣ, бунёди корхонаҳои нави истеҳсолӣ ва муҳайёсозии ҷойҳои иловагии корӣ, вусъати ободонию созандагӣ, тармиму навсозии роҳҳои мошингард ва беҳсозии хизматрасонӣ ба мардум зоҳир гардид.
Раисони ноҳияҳои Ҷаббор Расулов, Ҷиргатол, Тавилдара, Тоҷикобод, Рашт ва Нуробод бошад, бештар доир ба суръат бахшидан ба киштукори баҳорӣ, бунёди боғҳои наву навсозии боғҳои кӯҳна ва рушди бахши картошкапарварӣ ҳисобот доданд.
Тибқи супоришҳое, ки ба раисони ноҳияҳои Ҷиргатол, Тавилдара, Тоҷикобод, Рашт ва Нуробод дода шуд, имсол дар ин ноҳияҳо майдони кишти картошка бояд 2 ҳазор гектар зиёд карда шавад ва ин имкон медиҳад, ки иловатан 4 ҳазор нафар бо кор таъмин гарданд.
Тибқи дастуру талаботи Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон истеҳсоли картошка имсол дар Тоҷикистон бояд ба зиёда аз 1 миллион тонна расонда шавад.
Ба раисони шаҳру ноҳияҳои кӯҳистон, ҳамчунин доир ба пешгири аз хатари обхезӣ, ярчу тарма ва дигар офатҳои табиӣ низ супоришҳои мушаххас дода шуд.