Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ифтитоҳи бузургтарин корхонаи сементбарории Тоҷикистон

29.08.2013 11:30, ноҳияи Ёвон

Дар ҷамоати Ҳасан Ҳусейнови ноҳияи Ёвон бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бузургтарин корхонаи сементбарории Тоҷикистон, ки дар як сол 1 миллион тонна семент истеҳсол хоҳад кард, ба кор дароварда шуд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон лентаи рамзиро бурида, ин корхонаи азимро расман мавриди баҳрабардорӣ қарор дод.

Тавре зикр гардид, бунёди ин корхона аз ҷониби соҳибкорони ватанӣ ва шарикони чинии онҳо аз ширкати дар ҷаҳон маъруфи Хуаксин семент расо як сол пеш оғоз ёфта буд. Дар зарфи як сол дар ин ҷо корхонаи бузургтарини сементбарории Тоҷикистон ва аз ҷиҳати технологӣ навтарин дар Осиёи Марказӣ сохта, ба истифода дода шуд.

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолияти корхона бевосита шинос шуда, ба кори ин соҳибкорони ташаббускор ва баору номус баҳои баланд дод ва арзи сипосу қадрдонӣ намуд.

Чунонки иттилоъ доданд, дар ин ҷо зиёда аз ҳазор нафар бо кори доимӣ ва маоши аз 1800 то 7 ҳазор сомонӣ таъмин гардидаанд, ки беш аз 800 каси онҳо шаҳрвандони Тоҷикистон мебошанд. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дастур дод, ки давоми як соли оянда шумораи коргарону мутахассисони ватанӣ дар ин корхона беш аз 90%-ро ташкил диҳад. То ин вақт дар корҳои сохтмонӣ ва васлгарии корхона аз 630 то 650 нафар бинокорон ва кормандони муҳандисию техникӣ иштирок намудаанд, ки беш аз нисфи онҳо низ шаҳрвандони Тоҷикистон буданд.

Ин корхона бо навтарин дастгоҳҳои технологияи ҷаҳони имрӯза муҷаҳҳаз гардида, бо вуҷуди истифода аз ангишт ба ҳайси сӯзишворӣ, аз худ на чанг мебарорад ва на дуд. Умуман дар корхона истеҳсолоти бепартов ба роҳ монда шудааст, ҳатто хокистари ангишт ба ҳайси яке аз ашёи таркибии семент истифода мешавад.

Ба иттилои роҳбарияти ширкати чинии Хуаксин семент ин ширкат беш аз 100 корхонаи бузурги семент дошта, ҳамасола беш аз 70 миллион тонна маҳсулот истеҳсол мекунад. Тавре таъкид гардид. дар миёни ҳамаи ин корхонаҳо дорои навтарин технология ҳамин корхонаи дар ноҳияи Ёвони Тоҷикистон ифтитоҳёфта мебошад.

Барои кор бо чунин дастгоҳҳои технологияи навтарини ҷаҳонӣ дар зарфи 5 сол беш аз 300 нафар мутахассисони тоҷик дар Ҷумҳурии Мардумии Чин дар курсҳои шашмоҳаи омӯзишӣ ва такмили ихтисос таълим дода мешаванд. Дар даври аввал, аллакай 81 нафари онҳо таҳсил намуда, бо донишу малакаи баланди касбӣ имрӯз дар ин корхона фаъолият доранд.

Сементи дар ин корхона истеҳсолшаванда навъи 500 буда, ба меъёрҳои баландтарини стандартҳои аврупоӣ ҷавобгӯй аст. Мутобиқати семент ба чунин стандартҳо дар озмоишгоҳҳои корхона, ки бо навтарин дастгоҳҳои ташхисӣ муҷаҳҳаз гардидаанд, санҷида ва сертификати сифат дода мешавад. Ба навъи 500 мутобиқ будани сементи корхона дар ҳузури Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ва ҳайати ҳамроҳи ӯ амалан санҷида шуд.

Ба иттилои Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ҳар сол ба Тоҷикистон беш аз 1 миллион тонна семент аз хориҷи кишвар ворид мешавад. Таъкид гардид, ки “акнун имкон фароҳам омад, ки Тоҷикистон аз воридкунандаи семент ба содиркунандаи он ба хориҷи кишвар табдил ёбад, зеро минбаъд дар ҷумҳурӣ беш аз талаботи дохилӣ ин маҳсулот истеҳсол хоҳад шуд”.

Дар ҳудуди ҳамин корхона Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин бо аҳли заҳмати он ва роҳбарияту фаъолони ноҳияи Ёвон мулоқоти судманд анҷом дод.

Зимни вохӯрӣ масоили вобаста ба рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳия дар бахшҳои гуногун мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифта, дар назди масъулин доир ба беҳ намудани нишондодҳои истеҳсолӣ ва рушди иҷтимоию фарҳангӣ вазифаҳои мушаххас гузошта шуд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520