Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

28.08.2013 10:39, шаҳри Душанбе

Имрӯз таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати кишвар Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар оғози маҷлис бо маъқул донистани лоиҳаи чанд қонун ба як зумра қонунҳои амалкунанда тағйиру иловаҳо пешниҳод карда шуд, ки дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ хоҳад шуд. Тағйиру иловаҳо, аз ҷумла ба қонунҳо “Дар бораи роҳҳои мошингард ва фаъолияти роҳдорӣ”, “Дар бораи нақлиёт”, “Дар бораи ҳифзи саломатии аҳолӣ” ва ба кодексҳои андозу гумрук пешниҳод карда шуд.

Нақшаи генералии шаҳри Конибодоми вилояти Суғд тасдиқ карда шуд.

Дар охири маҷлис ба масъулин доир ба омодагӣ ба зимистон, аз ҷумла ҷамъоварии маҳсулоти кишоварзӣ ва захираи кофии озуқаворӣ ва маводи сухт барои мавсими сардӣ, омодасозии шабакаҳои нақлиётӣ, барқӣ, гармидиҳӣ ва дигар бахшҳои хизматрасонии коммуналӣ супоришҳои мушаххас дода шуд.
Дастуру ҳидоятҳо, ҳамчунин доир ба омодагӣ ба истиқболи сазовори солгарди навбатии истиқлоли давлатии Тоҷикистон, тарғибу ташвиқи арзишҳои давлатдории миллӣ, дастовардҳои солҳои истиқлолият ва тарбияи ҳисси ватандӯстию хештаншиносии мардум, хусусан ҷавонону наврасон, дода шуд.

Таваҷҷуҳи зиёд, ҳамчунин ба омодагӣ ба оғози соли нави хониш ва дар сатҳи зарурӣ ба роҳ мондани Рӯзи Дониш зоҳир карда шуд. Таъкид гардид, ки оғози соли нави хониш дар тамоми мактабҳо ва муассисаҳои дигари таълимӣ бояд ба таври идона ва тантанавӣ бо шукӯҳи хоса ба роҳ монда шавад.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520