Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Суханронӣ дар ҷаласаи нуҳуми Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ

10.04.2012 14:00, шаҳри Душанбе

Ҳозирини гиромӣ!
Дар ҷаласаи имрӯзаи Шӯро якчанд масъалаҳои муҳими рушди фазои сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуданд, ки татбиқи босамари онҳо дар маҷмӯъ барои тақвият бахшидани раванди ислоҳоти иқтисодӣ дар самти беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ дар ҷумҳурӣ таконе хоҳад бахшид.

Яке аз масъалаҳои асосие, ки имрӯз мавриди баррасӣ қарор дода шуд, ҷараёни таҳияи лоиҳаи Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳрири нав мебошад, ки вобаста ба мавзӯи мазкур ахбороти Раиси Комиссияи давлатӣ оид ба таҳияи лоиҳаи Кодекси андоз дар таҳрири нав, намояндагони бахши хусусӣ ва шарикони рушд шунида шуданд.

Мавриди зикр аст, ки ислоҳоти низоми андозбандӣ ва маъмурикунонии он, махсусан таҳияи лоиҳаи Кодекси андози нав яке аз афзалиятҳои муҳими Ҳукумати Тоҷикистон ба шумор меравад.

Дар Паёми охирини худ ба Маҷлиси Олии мамлакат иброз намуда будам, ки ҷиҳати афзоиши қисми даромади буҷети давлатӣ бо роҳи ҳавасманд намудани андозсупорандагон ва андозбандии пурраи онҳо ислоҳот дар бахши андоз вобаста ба ҳарчӣ содда намудани низоми андозбандӣ ва кам кардани шумораи андозҳо тавассути муносиб сохтани миқдори умумии онҳо ба таври ҷиддӣ идома дода шавад.

Ҳарчанд дар лоиҳаи нави Кодекси андоз кам гардидани шумораи умумии андозҳо ба назар гирифта шуда бошад ҳам, вале аз назари бахши хусусӣ дар маҷмӯъ лоиҳаи Кодекси пешниҳодшуда барои андозсупорандагон мураккаб боқӣ мондааст, ки ин ба ҳадафҳои ислоҳоти пешниҳодгардида ҷавобгӯ нест.

Инчунин, ба ақидаи баъзе аз мутахассисон дар лоиҳаи пешниҳодшудаи Кодекси андоз ҳавасмандкунии соҳибкорон то ҳол заиф аст. Шумораи умумии андозҳо кам шуда бошанд ҳам, вале вазни қиёсии онҳо бетағйир мондааст.

Бори дигар таъкид менамоям, ки воридшавии маблағҳоро ба буҷети давлатӣ на аз ҳисоби баланд бардоштани меъёри андозҳо, балки аз ҳисоби зиёд кардани шумораи андозсупорандагон, яъне соҳибкорон, васеъ кардани сарчашмаҳои андозбандӣ, ҳавасмандгардонии ташаббусҳои соҳибкорӣ, таъмини сатҳи баланди иҷрои ӯҳдадориҳои андозӣ ва коҳиш додани иқтисоди пинҳонӣ зиёд кардан лозим аст. Мувофиқан коҳиш додани хароҷоти чорабиниҳои каммаҳсул дар буҷети давлатӣ низ ба манфиати кор аст. Инчунин зарур аст, ки манбаҳои пӯшонидани қисми эҳтимолии камомади буҷети давлатӣ бинобар сабаби амалӣ намудани ислоҳоти низоми андозбандӣ муайян карда шаванд.

Аз рӯи муроҷиатҳои соҳибкорон ва созмонҳои соҳибкорӣ маълум гардид, ки андешаву пешниҳодоти сершумори онҳо ва дигар андозсупорандагон ба таври лозимӣ омӯхта, ба назар гирифта нашудаанд.

Инчунин, бо мақсади таъмини рушди соҳаҳои афзалиятноки иқтисодиёти ҷумҳурӣ, таклифу пешниҳодоти асосноки вазоратҳои рушди иқтисод ва савдо, энергетика ва саноат, кишоварзӣ ва Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ҳангоми такмилдиҳии лоиҳа ба инобат гирифта шаванд.

Аз назари соҳибкорон дар лоиҳаи пешниҳодшудаи Кодекси андоз масъалаи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор низ ба таври шаффоф инъикос нагардида, ба кормандони мақомоти андоз ҳуқуқҳои аз ҳад зиёд пешниҳод шудааст. Таъкид менамоям, ки санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор, аз ҷумла соҳибкорон танҳо барои пайдо намудани камбудӣ ва ҷазо додани соҳибкор нест, балки намояндаи мақомоти андоз бояд бо соҳибкор корҳои фаҳмондадиҳӣ доир намояд, зеро ин барои баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии соҳибкорон мусоидат хоҳад кард.

Умуман, низоми андозбандӣ бояд чунин ба роҳ монда шавад, ки аз як тараф давлат ва ҷомеаро бо захираҳои молиявӣ таъмин намояд ва аз ҷониби дигар ташаббусҳои фаъолияти соҳибкориро ҳавасманд намояд.

Аз ин лиҳоз, ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон супориш дода мешавад, ки лоиҳаи пешниҳодшудаи Кодекси андозро бори дигар таҷдиди назар карда, таклифу пешниҳодоти соҳибкорон, сармоягузорон, вазорату идораҳои соҳавӣ ва дигар андозсупорандагонро ҳангоми такмили он ба инобат гирад.

Бо назардошти он, ки лоиҳаи Кодекси андоз дар таҳрири нав аз ҷониби Комиссия ба баррасии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст ва шояд дар ин шакл ҳамаи тарафҳоро қаноатманд карда натавонад, ман зарур мешуморам, ки ин лоиҳа аз ҷониби гурӯҳи мустақили мутахассисон, аз ҷумла мутахассисони ҷалбгардидаи хориҷӣ мавриди ташхис қарор дода шуда, вобаста ба ҷиҳатҳои манфӣ ва мусбии он ба буҷети давлатӣ, фаъолияти иқтисодии бахши хусусӣ ва суботи иҷтимоии аҳолии мамлакат дар қиёс бо Кодекси амалкунандаи андоз дар мӯҳлати се моҳ хулоса таҳия карда шавад.

Мӯҳтарам аъзои Шӯро ва ҳозирини гиромӣ!

Дар марҳилаи нави рушди иқтисодии Тоҷикистон бахшҳои давлатию хусусӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ бояд дар татбиқи афзалиятҳои муайянкардаи Ҳукумати мамлакат ширкати фаъолона намоянд.

Тавре, ки дар ҷаласаҳои қаблии Шӯро оид ба ташкили муколамаи давлат ва бахши хусусӣ дар сатҳи минтақавӣ тавсия дода будам, имрӯз шӯроҳои машваратӣ оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ дар минтақаҳои ҷумҳурӣ таъсис дода шудаанд. Вобаста ба ин, чанд лаҳза пештар ахбороти Раиси Шӯрои минтақавии вилояти Хатлон оид ба фаъолияти Шӯро шунида шуд.

Бояд иқрор шуд, ки вазъи имрӯзаи пешбурди фаъолияти соҳибкорӣ ва фазои сармоягузорӣ дар минтақаҳои ҷумҳурӣ, аз ҷумла вилояти Хатлон начандон ҷавобгӯи талабот аст, ҳарчанд, ки дар вилоят имкониятҳо зиёд мебошанд. Соҳибкорон ҳанӯз ҳам ба мушкилоти сунъӣ ва бюрократӣ рӯ ба рӯ мешаванд, ки ин аз як тараф ба таври бояду шояд иҷро нагардидани қонунҳо аз ҷониби масъулони давлатӣ дар минтақаҳо бошад, аз тарафи дигар аз нокифоя будани донишҳои ҳуқуқиву иқтисодии соҳибкорон шаҳодат медиҳад.

Дар ин замина, соҳибкорон дар соҳаҳои мухталифи иқтисоди вилоят фаъолияти пурсамар дошта бошанд ҳам, имкониятҳои онҳо пурра истифода бурда намешаванд. Масалан, соҳаи асосии иқтисодиёти вилояти Хатлон соҳаи кишоварзӣ буда, яке аз маҳсулоти асосии он пахта аст. Вале пахтаи дар вилоят истеҳсолшуда қариб, ки пурра дар намуди ашёи хом содир карда мешавад.

Ҳамчунин имкониятҳои соҳибкорон дар соҳаҳои саноат, таъсиси корхонаҳои хурду миёна, рушди сайёҳӣ низ ба таври зарурӣ истифода бурда намешавад, ҳарчанд, ки дар вилоят имкониятҳои васеи таъсиси корхонаҳо дар бахшҳои зикргардида мавҷуд аст.

Дар ноҳияҳои вилоят вобаста ба фаъолияти соҳибкорӣ ва дастгирии ташаббусҳои соҳибкорон диққати зарурӣ дода намешавад. Ҳарчанд, ки яке аз нишондиҳандаҳои асосии фаъолияти пурсамари роҳбарони ноҳияҳо – ин таъсиси корхонаҳо ва таъмини аҳолӣ бо ҷойҳои корӣ мебошад, ташаббускорӣ дар ин самт кам ба назар мерасад.

Дар ин радиф, ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон супориш дода мешавад, ки дар ҳамкорӣ бо вазорату идораҳои дахлдор, бахши хусусӣ ва бо ҷалби сармояи дохилию хориҷӣ барои таъсиси корхонаҳои хурду миёна дар қаламрави вилоят хусусан минтақаҳои дурдасту кӯҳии он, дар соҳаҳои саноат, коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, аз ҷумла коркарди нахи пахта ва истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ, чорводорӣ ва паррандапарварӣ, бахши сайёҳӣ ва дигар соҳаҳои муҳими иқтисодиёт нақша-чорабиниҳои мушаххас таҳия намуда, афзоиши назарраси таъсиси корхонаҳои саноатӣ дар вилоят таъмин карда шавад.

Ҳозирини гиромӣ,

Тавре, ки ба ҳамагон маълум аст, яке аз роҳҳои ҳавасандгардонии ҷалби сармояи дохилӣ ва хориҷӣ, воридоти технологияи муосир, ташкили ҷойҳои нави корӣ, истеҳсоли маҳсулоти баландсифат ва рушди заминаи содиротӣ – ин таъсиси минтақаҳои озоди иқтисодӣ ба шумор меравад. Минтақаҳои озоди иқтисодӣ яке аз шаклҳои самараноки ҳамкориҳои байналмилалии иқтисодӣ дар кишварҳои тарраққикарда ва рӯ ба тараққӣ ба шумор рафта, имконият медиҳанд, ки минтақаи алоҳида дар натиҷаи ҷалби сармояи хориҷӣ ва технологияи муосир рушди босуръат намояд. Айни замон, дар вилоят ду минтақаи озоди иқтисодии “Панҷ” ва “Данғара” ташкил карда шудааст. Вале, бинобар сабабҳои фароҳам наовардани шароити мусоид барои фаъолияти онҳо, аз ҷумла мавҷуд набудани инфрасохтори зарурӣ, то ҳол дар ин минтақаҳо ягон корхонаи истеҳсолӣ таъсис дода нашудааст.

Аз ин лиҳоз, ба Вазорати рушди иқтисод ва савдо супориш дода мешавад, ки дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва бо ҷалби шарикони рушди Тоҷикистон вазъи кунунии минтақаҳои озоди иқтисодиии «Панҷ» ва «Данғара»-ро пурра таҳлил намуда, барои фаъолияти пурсамари онҳо, аз ҷумла рушди савдои байнисарҳадӣ чораҳои муассир андешад ва аз натиҷааш ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мунтазам ахбор диҳад.

Таъсис ва фаъолияти сохторҳои дастгирии соҳибкорӣ дар вилоят дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда нашудааст. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳоро зарур аст, ки дар риштаҳои гуногуни фаъолияти соҳибкорӣ курсҳои бозомӯзӣ ташкил намуда, ба аҳолӣ оид ба ҷараёни ислоҳоти иқтисодӣ дар самти беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ маълумоти муфассал пешниҳод намоянд.
Ин имконият медиҳад, ки соҳибкорон то андозае донишҳои заруриро аз худ намуда, аз як тараф фаъолияти хоҷагидории худро васеъ намоянд ва аз тарафи дигар ҳуқуқҳои худро ҳимоя карда тавонанд.

Дар ин робита, ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо супориш дода мешавад, ки дар ҳамкорӣ бо вазорату идораҳои марбута, соҳибкорон, муассисаҳои олии таълимоти касбӣ ва шарикони рушди Тоҷикистон оид ба тақвият додани иқтидори техникиву кадрии соҳибкорон, ташкили марказҳои бозомӯзии соҳибкорон ва ба роҳ мондани фаъолияти самараноки онҳо чораҳои зарурӣ андешида, аз натиҷааш ба Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ҳар шашмоҳа ахборот пешниҳод намоянд.

Бояд таъкид намоям, ки ҳадафи асосии ташкили шӯроҳои минтақавӣ оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ, баррасӣ намудани пешниҳодоти соҳибкорон вобаста ба бартараф намудани монеаҳои пешбурди фаъолияти соҳибкорӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои ҷалби сармоягузорӣ дар сатҳи минтақавӣ мебошад.

Дар ин замина, бо мақсади ба танзим даровардан ва баланд бардоштани самаранокии фаъолияти шӯроҳои минтақавӣ, ба онҳо супориш дода мешавад, ки масъалаҳои дар ҷаласаҳои шӯроҳои минтақавӣ баррасишавандаро бо Котиботи Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ҳамоҳанг намоянд.
Инчунин ба ҷаласаи ояндаи Шӯрои машваратӣ ахбороти Раиси Шӯрои минтақавӣ оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ дар вилояти Суғд пешниҳод карда шавад.

Ҳозирини гиромӣ,
Яке аз вазифаҳои муҳими Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ, ин баррасӣ намудани масъалаҳое мебошад, ки барои васеъ гардидани фаъолияти соҳибкорӣ монеа эҷод менамоянд.

Дар ин радиф, солҳои охир аз ҷониби Ҳукумати ҷумҳурӣ дар самти коҳиш додани шумораи фаъолиятҳое, ки дар асоси иҷозатномаҳо амалӣ карда мешаванд, инчунин соддатар намудани расмиёти маъмурӣ барои сармоягузорон ва ҷанбаҳои мухталифи ҷалби сармоя ислоҳоти ҷиддӣ гузаронида шудааст. Вобаста ба ин як қатор санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ қабул гардиданд, ки барои кам кардани шумораи иҷозатномаҳо ва соддатар намудани тартиби дастрас намудани онҳо мусоидат намуданд.

Ҳамзамон бо ин, бояд зикр намуд, ки тадбирҳои андешидашуда кифоя нестанд ва ҷиҳати идомаи ислоҳоти соҳа бояд корҳои зиёде анҷом дода шаванд.

Бинобар ин, ба Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон супориш дода мешавад, ки якҷоя бо Котиботи Шӯрои машваратӣ, намояндагони вазорату идораҳои дахлдор, бахши хусусӣ ва бо дастгирии шарикони рушд оид ба масъалаҳои соддагардонии расмиёти маъмурӣ барои сармоягузорон ва бартараф намудани монеаҳои маъмурӣ барои фаъолияти соҳибкорие, ки тавассути иҷозатнома амалӣ карда мешаванд, таҳлилҳо гузаронида натиҷаи онро ба ҷаласаҳои ояндаи Шӯрои машваратӣ пешниҳод намояд.

Ҳозирини гиромӣ,
Беҳбуди фазои сармоягузорӣ ва рушди фаъолияти соҳибкорӣ яке аз ҳадафҳои муҳими Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад ва барои ноил гардидан ба ин тадбирҳои зарурӣ андешида шуданд ва минбаъд низ мавриди татбиқ қарор мегиранд.

Инчунин, Ҳукумати Тоҷикистон саҳми шарикони рушдро дар раванди татбиқи ислоҳоти иқтисодӣ, аз ҷумла беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ қадр менамояд. Ҳамзамон, ҷиҳати татбиқи самараноки сиёсати ислоҳоти иқтисодӣ ба дараҷаи сифатан нав баровардани муносибатҳои ҳамшарикӣ мувофиқи мақсад дониста мешавад, зеро ҳанӯз ҳам имкониятҳои истифоданашуда зиёданд.

Махсусан таъкид карданӣ ҳастам, ки аз ҷониби шарикони рушд маблағгузорӣ намудани қисми камомади буҷет бинобар сабаби ислоҳоти Кодекси андози нав дар марҳилаҳои аввал ниҳоят зарур мебошад.

Мо итминони комил дорем, ки вохӯрии имрӯза дар ин самт саҳми назаррас хоҳад гузошт. Ҳамзамон бо ин, Ҳукумати Тоҷикистон пайваста кӯшиш менамояд, ки ҳамкориро бо бахши хусусӣ ва шарикони рушд дар тамоми соҳаҳои ҳаёти иҷтимоиву иқтисодии кишвар ва ҳамгироӣ бо иқтисоди ҷаҳонӣ таҳким бахшад.

Дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон фикру андешаҳои худро оид ба амалӣ намудани ислоҳоти зарурӣ дар самти рушди фаъолияти соҳибкорӣ ва беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ иброз хоҳам дошт.

Ба ҳамаи аъзоёни Шӯро ва шахсоне, ки дар кори ҷаласа иштироки фаъолона намуданд, изҳори миннатдорӣ ва барори кор орзумандам.
Ҳамеша сарбаланду саломат бошед, дӯстони азиз!

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520