Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шиносоӣ бо рафти навсозии роҳҳои дохилии пойтахт

27.08.2013 15:23, шаҳри Душанбе

Дар шаҳри Душанбе Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бо рафти навсозии роҳҳои дохилии пойтахт шинос шуд.

Шиносоии бевосита бо навсозии роҳҳои пойтахт дар чорроҳаи хиёбони Борбад ва кӯчаи Ҷомӣ сурат гирифт.

Дар ин ҷо Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон рафти навсозии ин чорроҳаро, ки бо тарҳи нави замонавӣ сурат гирифта, нисбат ба пешина хеле васеъ ва бароҳат мешавад, аз назар гузаронда, ба кори роҳсозон баҳои хуб дод.

Дар ҳамин ҷо Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бо лоиҳаи навсозии дигар роҳҳои пойтахт низ шинос шуда, таъкид намуд, ки корҳо бо сифати баланд анҷом дода шаванд.


 

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520