Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Маҳмуди Аҳмадинажод

16.06.2006 17:00, Чин

Ҳамкориҳои минтақавӣ ва дуҷонибаи иқтисодӣ ҳамчунин дар мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Маҳмуди Аҳмадинажод мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Дар мулоқот асосан ба масоили анҷоми бобарори сохтмони нақби автомобилгарди Анзоб, тезондани корҳои омодагӣ ва шурӯи сохтмони НОБ-и "Сангтӯда-2" ва як қатор лоиҳаҳои инвеститсионии дорои аҳамияти бузурги минтақавӣ, ки дар ҳудуди Тоҷикистон ва давлатҳои ҳамсояи он татбиқ мегарданд, мароқ зоҳир карда шуд.

Ҷонибҳо ҳамчунин оид ба авзои кунунии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, ҳифзи сарҳади давлатии Тоҷикистон бо ин кишвар ва доир ба амнияту суботи минтақавӣ мубодилаи афкор намуданд.

Бояд тазаккур дод, ки пешниҳодҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов дар бораи сохтмони роҳи оҳани байналмилалии Чин-Қирғизистон-Тоҷикистон-Афғонистон, ки ҳадафаш баромадан ба Халиҷи Форс аст ва лоиҳаҳои бунёди хатҳои баланшиддати интиқоли нерӯи барқ аз Тоҷикистон ба Афғонистон ҳамчунин дар мулоқотҳои Сарвари Давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Ҳамид Карзай ва Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Маҳмуди Аҳмадинажод муҳокима гашт, ки аз ҷониби онҳо ин тадбирҳои наҷибонаи Эмомалӣ Раҳмонов бо хушнуди пазируфта шуд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон, 2005 - 2018
Тел/Факс.: (+992 37)2212520