Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Эмомалӣ Раҳмон бо медали “60 - солагии ЮНЕСКО” сарфароз гардонда шуд

20.08.2013 18:16, шаҳри Душанбе

Нимаи дуюми рӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон Мудири кулли ЮНЕСКО хонум Ирина Боковаро ба ҳузур пазируфт.

Дар оғози мулоқот Ирина Бокова ба Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон медали “60 - солагии ЮНЕСКО” – ро тақдим намуд. Дар паёми расмии ЮНЕСКО дар ин хусус, аз ҷумла омадааст: “Бо эътирофи пайравии пайваста ба ҳадафҳои ташаккули сулҳи пойдор ва пешбурди рушди устувор, аз ҷумла тавассути ташаббусҳо оид ба пешбурди ҳамкорӣ ва муколамаи байналмилалӣ дар соҳаи об, табодули донишҳои илмӣ ва мусоидат ба пешрафт дар самти татбиқи Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсола ва ҳадафҳои рушди дар сатҳи байналмилалӣ ҳамоҳангшуда, Созмони Милали Муттаҳид оид ба маориф, илм ва фарҳанг бо камоли мамнуният Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо Медали ҷашнии "60-солагии ЮНЕСКО" сарфароз мегардонад”.

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон сарфароз гардидан бо ин мукофоти боэътиборро боиси шарафмандӣ номида, изҳор дошт, ки онро “пеш аз ҳама самараи заҳмату талошҳои пайвастаи тамоми мардуми куҳантамаддуни Тоҷикистон дар роҳи эъмору таҳкими пояҳои давлати навин ва эътибори он дар арсаи байналмилалӣ медонам”.

Ба Ирина Бокова, ҳамчунин барои ташриф ба Тоҷикистон ва иштирок дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланд доир ба ҳамкорӣ дар соҳаи об арзи сипос карда шуд.

Бо ёдоварӣ аз таърихи 20-солаи ҳамкорӣ бо ЭНЕСКО қаноатмандона таъкид гардид, ки тайи ин давра дар Тоҷикистон як силсила лоиҳаҳои муҳим дар соҳаҳои маориф ва илм, ҳифзи ёдгориҳои таърихӣ ва осори ғайримоддӣ мавриди татбиқ қарор гирифт.

Аз баргузорсозии Ҳамоиши байналмилалии иҷрокунандагони мусиқии классикии “Шашмақом”, ворид намудани санаи 1150-солагии асосгузори адабиёти тоҷику форс Абӯабдуллои Рудакӣ ба Феҳристи ҷашнҳои ЮНЕСКО, ворид кардани шаҳраки қадимаи Саразм ба феҳристи муссавараҳои мероси фарҳангии умумиҷаҳонии ЮНЕСКО ва ба феҳристи Мероси табии умумиҷаҳонии ЮНЕСКО ворид гардидани «Боғи миллии Тоҷикистон-Кӯҳҳои Помир” арзи хушнудӣ карда шуд.

Ҳамчунин изҳори боварӣ карда шуд, ки барномаву ташаббусҳои дигари пешниҳоднамудаи Тоҷикистон низ дастгирӣ меёбанд. Аз ҷумла ба зарурати таъсиси Бунёди Фонди байналмиллалии ЮНЕСКО оид ба наҷоти пиряхҳо дар Тоҷикистон, ташкил ва гузарондани экспедитсияи 3-юм ба қаторкӯҳҳои Помир ва ворид намудани 3 ҳазор солагии Ҳисор ба Феҳристи ЮНЕСКО дар соли 2015 таъкид гардид.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз имконот ва ҳавасмандии Тоҷикистон ба иштирок дар Барномаи байналмилалии гидрологии ЮНЕСКО ёдовар шуда, изҳор дошт, ки “мо метавонем мавзӯъи обро дар сохтори асосии он босамар ва фаъолтар пешбарӣ намоем”. Дар робита ба ин мавзӯъ пешниҳод гардид, ки бо мусоидати ЮНЕСКО дар назди Академияи Илмҳои Тоҷикистон Кумитаи Миллӣ доир ба масъалаҳои гидрология таъсис дода шавад.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон, 2005 - 2018
Тел/Факс.: (+992 37)2212520