Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Таиланд

19.08.2013 15:56, шаҳри Душанбе

Зимни баррасии масоили вобаста ба рушди муносиботи дустӣ ҳамшарикии созандаи Тоҷикистону Таиланд, ки нахуст дар мулоқоти хоса ва сипас дар музокироти сатҳи олӣ бо иштироки ҳайатҳои расмии ду ҷониб сурат гирифт, ба мавзӯъҳои ҳамгироии сиёсӣ дар минтақаи Осиё ва арсаи ҷаҳонӣ, густариши робитаҳои иқтисодию тиҷоратӣ, сармоягузорӣ ва фарҳангию гуманитарӣ таваҷҷуҳи зиёд зоҳир гардид.

Тавре зикр гардид, “Тоҷикистону Тайиланд оид ба аксари масъалаҳои доғи рӯз ва марбут ба мушкилоти умдаи глобалӣ мавқеи монанд ё ба ҳам наздик дошта, барои дарёфти роҳҳои ҳалли онҳо кӯшишҳои муштарак анҷом медиҳанд”.

Бино ба таъкиди Эмомалӣ Раҳмон, “Шоҳигарии Тайиланд аз ҷумлаи кишварҳое мебошад, ки ҳамеша дар қатори ҷонибдорони иқдомҳои глобалии Тоҷикистон дар соҳаи об қарор дорад ва иштироки ҳайати воломақоми ин кишвар дар чорабинии муҳимтарини Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об боз як нишонаи мавқеи хайрхоҳонаи он нисбати ташаббусҳои созандаи кишвари мо мебошад”.

Йинглак Шинаватра, аз ҷумла изҳор дошт, ки “мо пешвоию раҳнамоии Тоҷикистонро дар минтақа ва ҷаҳон дар соҳаи об ва “энергетикаи сабз” баланд қадрдонӣ карда, аз он пайваста пуштибонӣ менамоем”.

Ду ҷониб ба мувофиқа расиданд, ки барои густариши бештари робитаҳои мустақим, аз ҷумла барои рушди туризм миёни пойтахтҳои ду кишвар, шаҳрҳои Душанбею Бангкок хатсайри мустақими ҳавоӣ кушода шавад.

Пас аз анҷоми мулоқоту музокирот Созишномаи байниҳукуматӣ доир ба бекор намудани талаботи раводид барои дорандагони шиносномаҳои дипломатӣ, расмӣ ва хизматӣ ба имзо расида, эъломияи муштарак қабул гардид.

Зимни нишасти матбуотӣ Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Сарвазири Таиланд Йинглак Шинаватра аз натиҷаҳои мулоқоту музокироти сатҳи олӣ изҳори қаноат намуда, муносиботи рушдёбандаи ду кишварро дорои дурнамои судбахш номиданд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон, 2005 - 2018
Тел/Факс.: (+992 37)2212520