Дар маркази шаҳри Норак Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба кӯдакону наврасон, ки аз падар ва модар ятим мондаанд, кӯмаки моддӣ ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим намуд.
Ҳамин тариқ нахуст 16 нафар кӯдакону наврасон, ки ҳам аз падар ва ҳам аз модар ятим мондаанд, аз кумакҳои моддии Сарвари давлат бархӯрдор гардиданд.
Сипас Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба 150 нафар писарчаҳо аз оилаҳои ниёзманд, ки хатнасурашон дастаҷамъона ба таври хайрия ба роҳ монда шуд, кумаки моддӣ ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим намуд. Ёрии башардӯстонаи Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин ба 10 ҷуфти навхонадорон, ки тӯйи арусиашон имрӯз дастаҷамъона ба таври хайрия ба роҳ монда шуд, дастрас гардид.