Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Президенти нави Ҷумҳурии Исломии Эрон Ҳасани Рӯҳонӣ

04.08.2013 14:19, Эрон

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар маросими савгандёдкунии Президенти тозаинтихоби Ҷумҳурии Исломии Эрон Ҳасани Рӯҳонӣ вориди шаҳри Теҳрон шуд.

Пас аз чанд лаҳзаи ба шаҳри Теҳрон расидан Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти нави Ҷумҳурии Исломии Эрон Ҳасани Рӯҳонӣ мулоқот намуд.

Дар оғоз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Ҳасани Рӯҳониро бори дигар ба муносибати интихоб шуданаш ба мақоми Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон табрику таҳният гуфта, изҳори боварӣ намуд, ки муносиботи дӯстӣ ва ҳамшарикии Тоҷикистону Эрон минбаъд таҳкиму густариши бештар пайдо мекунанд.

Дар мулоқот доир ба ҷанбаҳои гуногуни робитаҳои бисёрпаҳлӯи Тоҷикистону Эрон гуфтугӯй сурат гирифт. Таваҷҷуҳи зиёд ба густариши ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ, сармоягузорӣ ва энергетикӣ зоҳир гардид. Бо қаноатмандӣ зикр гардид, ки ҳоло дар Тоҷикистон беш аз 150 ширкатҳои эронӣ фаъолияти пурсамар доранд ва раванди воридшавии сармояи мустақими эронӣ ба иқтисодиёти ҷумҳурии мо рӯй ба густариш дорад.

Ҳавасмандии устувор ба татбиқи лоиҳаҳои муштараки минтақавӣ, аз қабили бунёди роҳи оҳан ва кашидани лӯлаҳои оби нӯшокӣ, нафт ва хатти интиқоли нерӯи барқ миёни Тоҷикистону Эрон таъкид гардид.

Баррасии масоили ҳамкорӣ дар бахшҳои илму техника, маориф ва фарҳанг низ аз мавзӯъҳои асосии суҳбат буд.

Гуфтугӯи судманд, ҳамчунин доир ба мавзӯъҳои минтақавию байналмилалӣ, аз ҷумла авзои кунунӣ ва ояндаи Афғонистон ва ҳамгироӣ дар пешгирӣ аз хатарҳои ҷаҳони муосир сурат гирифт.

Эмомалӣ Раҳмон аз Ҳасани Рӯҳонӣ даъват намуд, ки ба Тоҷикистон бо сафари расмӣ ташриф биёрад. Ҳасани Рӯҳонӣ даъватро бо хушнудӣ пазируфта, таъкид дошт, ки дар наздиктарин фурсати муносиб ба Тоҷикистон ташриф меорад.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520