Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин

01.08.2013 16:12, Русия

Имрӯз дар шаҳри Маскав мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин баргузор гардид.

Дар мулоқот маҷмӯи васеи мавзӯъҳои вобаста ба муносиботи дӯстӣ ва ҳамкории судбахши Тоҷикистону Русия баррасӣ шуд.

Тавваҷҷуҳи асосӣ ба ҷанбаҳои гуногуни ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ, ҳарбӣ ва ҳарбию техникӣ, таҳкими амнияти минтақавӣ ва ҳамчунин ба соҳаҳои энергетика, муҳоҷирати корӣ, маориф, илму техника ва фарҳанг зоҳир карда шуд.

Владимир Путин бо қаноатмандӣ изҳор дошт, ки “Русия шарики раќами яки тиҷоратии Тоҷикистон буда, аз ҳаҷми умумии ҳамкории тиҷоратии хориҷии Тоҷикистон 21 фоизаш саҳми Русия аст”. Ӯ ҳамчунин афзуд, ки “ҳаҷми сармоягузории Русия ба иқтисодиёти Тоҷикистон 1,5 миллиард доллари амрикоиро ташкил медиҳад”.

Владимир Путин ба ҳамкории ду кишвар дар соҳаи маориф баҳои баланд дода, аз ҷумла изҳор дошт, ки “наздики 5 ҳазор донишҷӯёни тоҷик ҳоло дар Русия таҳсил мекунанд ва танҳо соли гузашта беш аз 500 нафар аз ҳисоби буҷети Русия ба таҳсил дар мактабҳои олӣ қабул карда шуд”.

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Владимир Путин барои даъват ба Маскав арзи сипос карда, изҳори боварӣ намуд, ки зимни ин мулоқот доир ба масоили гуногуни ҳамкорӣ дар соҳаҳои ҳарбӣ-сиёсӣ, амниятӣ, иқтисодию тиҷоратӣ, муҳоҷирати корӣ, содироти маҳсулоти нафтии Русия ба Тоҷикистон бе ситонидани боҷи гумрукӣ ва мавзӯъҳои минтақавию байналмилалӣ тавофуқоти зарурӣ ҳосил мегарданд.  

Гуфтугӯйи судманд доир ба муҳлати ба тасвиб расондан ва татбиқи босамари санадҳое, ки моҳи октябри соли 2012 зимни сафари расмии Валадимир Путин дар шаҳри Душанбе ба имзо расида буданд, сурат гирифт. Тавре зикр гардид, дар ояндаи наздик ин масоил бояд ҳалли ниҳоии худро ёбанд.

Баррасии дурнамои авзои Афғонистон ва кишварҳои ҳамсояи он, аз ҷумла Осиёи Марказӣ пас аз соли 2014, яъне пас аз ихроҷи нерӯҳои байналмилалии посдори сулҳ аз ин кишвар аз мавзӯъҳои асосии сӯҳбат буд.

Ҳарду ҷониб ҳавасмандии устувори худро ба густариши робитаҳои анъанавии ҳамшарикии стратегӣ таъкид доштанд.

 

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520