Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳисоботи телефонии Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Қодири Қосим ва раисони ноҳияҳои Кӯҳистони Мастчоҳ, Ҷиргатол, Тоҷикобод ва Рашт

25.07.2013 17:49, шаҳри Душанбе

Имрӯз ба Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Қодири Қосим ва раисони ноҳияҳои Кӯҳистони Мастчоҳ, Ҷиргатол, Тоҷикобод ва Рашт телефонӣ ҳисобот доданд.

Зимни ҳисоботи Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон таваҷҷуҳи асосӣ ба рафти корҳои бунёдкорию созандагӣ, аз ҷумла сохтмони иншооти сершуморе, ки бо маблағгузории мутамаркази ҷумуриявӣ дар шаҳру ноҳияҳои ин вилоят ҷараён дорад ва ҳамчунин ба ҷамъоварии пурра ва саривақтии ҳосили маҳсулоти кишоварзӣ ва омодагӣ ба зимистон зоҳир гардид. Таъкид гардид, ки барои хуб омода кардани муассисаҳои соҳаи маориф ба соли нави хониш ва ба зимистони пешомад аз имкону захираҳои мавҷуда хуб истифода баранд.

Мавзӯъи асосии ҳисоботи раисони ноҳияҳои Кӯҳистони Мастчоҳ, Ҷиргатол, Тоҷикобод ва Рашт, ки мардумаш бештар ба картошкапарварӣ машғуланд, таваҷҷуҳи зиёд маҳз ба ҳамин бахши соҳаи кишоварзӣ зоҳир гардид. Таъкид карда шуд, ки ин ноҳияҳо дар иҷрои Барномаи давлатии рушди соҳаи картошкапарварӣ барои солҳои 2012-2016, аз ҷумла дар роҳи ба 1 миллион тонна расондани ҷамъоварии солонаи картошка дар ҷумҳурӣ бояд нақши асосӣ дошта бошанд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар назди Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва раисони ноҳияҳои Кӯҳистони Мастчоҳ, Ҷиргатол, Тоҷикобод ва Рашт, ҳамчунин доир ба таъмини фаровонӣ дар бозори истеъмолӣ ва дар моҳи шарифи рамазон дасти кумак дароз кардан ба табақаҳои ниёзманди аҳолӣ, пеш аз ҳама ятимону бепарасторон, пиронсолони бесаробон, маъюбон ва оилаҳои камбизоат вазифаҳои мушаххас гузошт.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520