Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Боздид аз намоишгоҳи маҳсулоти соҳаи кишоварзӣ ва саноати коркарди ноҳияи Шаҳринав

20.07.2013 09:46, ноҳияи Шаҳринав

Дар оғози ҳудуди маъмурии ноҳияи Шаҳринав Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон аз намоишгоҳи маҳсулоти соҳаи кишоварзӣ ва саноати коркарди ин ноҳия дидан кард.

Тавре аён гардид, дар ин ҷо намунаҳо аз 35 номгӯй маҳсулоти кишоварзӣ, ки ҳоло дар майдонҳои кишти ин ноҳия ба назар мерасад ҳамчунин чорвои хурду калони ҷамъиятӣ ба намоиш бароварда шудааст.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо таваҷҷуҳи хос ба намудҳои хушзоту сермаҳсули чорвои калони шохдор, аз ҷумла зоти сиёҳало, гӯсфанди ҳисорӣ ва аспи зоти тозаи тоҷикӣ дастур дод, ки саршумори чунин чорворо зиёд карда, дар тамоми қаламрави кишвар паҳн намоянд.

Чунонки иттилоъ доданд, имсол аҳли заҳмати ноҳияи Шаҳринав дар 8091 га ғалладона ва дар 1153 га сабзавот кишт намуда, ҳосили фаровон ҷамъоварӣ кардаанд. Ба ташкили кишти такрорӣ низ таваҷҷуҳи хос зоҳир мегардад, зеро фоидаоварии онро мардум аллакай хуб эҳсос намудаанд. То имрӯз дар майдони 1137 га кишти такрорӣ ба роҳ монда шудааст, ки баробар ба 97% нақшаи дурнамо аст.

Аз ин ноҳия то имрӯз 3500 тонна сабзавот ва 510 тонна меваҷот ба хориҷи кишвар содир карда шудааст.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520