Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Оғози сафари корӣ ба ноҳияҳои Ҳисору Шаҳринав

20.07.2013 08:53, шаҳри Ҳисор

Имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон барои шиносоии бевосита бо вазъи зиндагии мардум ва ифтитоҳи корхонаи коркарди нафт ба ноҳияҳои Ҳисору Шаҳринав сафар кард.

Боздиди кории Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз ноҳияҳои ин водии зарнисор бо шиносоӣ бо фаъолияти ибратбахши деҳқонони хоҷагии Ҳайдар Мирови ноҳияи Ҳисор оғоз ёфт.

Дар ин ҷо, асосан ба ҳосили фаровони ҷуворимакка барои дон, ки аз тухмии нави навъи пионер 31N27 гибрид F1 ба даст омадааст, таваҷҷуҳи хос зоҳир гардид.

Тавре иттилоъ дода шуд, деҳқонони хоҷагӣ аз ин навъи тухмӣ беш аз 120 сентнерӣ дони ҷуворимакка аз ҳар гектараш рӯёнданианд. Ба гуфти мутахассисон, дар ҳолати дуруст ба роҳ мондани коркарди пурраи агротехникӣ аз ин навъи тухмӣ то 140 сентнерӣ дон аз ҳар га ҷамъоварӣ кардан мумкин аст.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба масъулини соҳаи кишоварзии кишвар дастур дод, ки истифода аз чунин тухмиҳои серҳосил ва умуман таҷрибаи пешқадами деҳқонону мутахассисони асил дар тамоми ҷумҳурӣ паҳн карда шавад.

Тавре зикр гардид, аҳли заҳмати ин хоҷагӣ асосан бо сабзавоткорӣ ва истеҳсоли хӯроки чорво машғул буда, дар парвариши дигар зироатҳо низ таҷрибаҳои ибратбахш касб намудаанд. Масалан аз ҳар га картошкаи барвақтӣ то 340 сентнерӣ ҳосил гирифтаанд, ки барои ин мавсим ва ин минтақа нишондоди рекордӣ будааст.

Кишти такрорӣ низ дар ин хоҷагӣ васеъ ба роҳ монда мешавад. То имрӯз дар майдони 34 га кишти дубораи зироатҳои ба ин мавсим мувофиқ ба роҳ монда шудааст.

Ба гуфти роҳбарияти ноҳия, нишондодҳои соҳаи кишоварзӣ имсол дар тамоми ноҳия баланду умедбахшанд. Масалан дар ҳоҷагии Баракати чорводори ноҳия аз ҳар гектари пиёзи барвақтӣ 800 сентнерӣ ҳосил гирифтаанд, ки ин ҳам дастоварди хеле баланд аст.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520