Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Суханронӣ зимни мулоқот бо кормандони соҳаи тиб дар маросими ифтитоҳи Маркази вилоятии бемориҳои сили вилояти Хатлон

07.07.2013 08:37, ноҳияи Вахш

Мӯҳтарам кормандони соҳаи тандурустӣ!
Ҳозирини гиромӣ!

Басо рамзист, ки сол аз сол бунёду азнавсозӣ ва дар муҳити идона ба истифода додани инфрасохтори иҷтимоӣ, аз ҷумла муассисаҳои тандурустии кишвар ба ҳукми анъана даромадааст.

Тавре ки огоҳ ҳастед, мулоқоти қаблии мову шумо ду сол пеш ҳангоми ифтитоҳи Маркази миллии бемориҳои сил дар шаҳри Ваҳдат ба вуқӯъ пайваста буд.
Дар идомаи корҳои созандагиву бунёдкориамон имрӯз дар маросими ифтитоҳи Маркази бемориҳои сили вилояти Хатлон ҳузур дорем.

Бо истифода аз фурсат ҳамаи шумо - ҳозирини гиромӣ ва табибони ҳозиқи кишварро ба муносибати ифтитоҳи ин муассисаи нави тиббӣ табрик гуфта, ба шумо ва тамоми мардуми шарифи Тоҷикистон саломативу хушбахтӣ ва саодати рӯзгорро орзу менамоям.

Зикр бояд кард, ки вазъи сироятёбии аҳолӣ ба бемории сил дар баъзе минтақаҳои кишвар боиси нигаронии давлату Ҳукумати мамлакат гардидааст.
Масъалаи мазкур ҳанӯз аз замони шӯравӣ ташвишовар боқӣ монда, солҳои охир бо андешидани тадбирҳои зарурӣ шиддати сироятёбии аҳолӣ аз ин беморӣ батадриҷ кам карда шуд.

То имрӯз ҷиҳати пешгирӣ ва мубориза бо бемории сил се барномаи давлатии мубориза бар зидди сил ва ҷиҳати танзими ҳуқуқии ин масъала Қонун «Дар бораи ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил» қабул гардидааст.

Мувофиқи таҳлилҳо ҳолати болоравии сироятёбӣ ба ин беморӣ аз соли 2009 боздошта шуда, фавти аҳолӣ назар ба даҳ соли охир ду баробар коҳиш ёфтааст.

Тибқи хулосаи коршиносони байналмилалӣ рафти амалисозии Барномаи миллии ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил дар Тоҷикистон муваффақ арзёбӣ шудааст.


Дар ҷаҳони муосир мубориза бар зидди бемории сил аз ҷумлаи мушкилоти соҳаи тандурустӣ эътироф гардида, аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид ва Созмони Умумиҷаҳонии Тандурустӣ дар бисёр кишварҳои дунё дар ин самт чорабиниҳои мушаххас амалӣ карда мешаванд.

Масъалаи мазкур инчунин яке аз тадбирҳои асосии Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсола буда, итминон дорам, ки Тоҷикистон бо дарназардошти таҷрибаи андӯхтаи мутахассисони соҳаи тибби кишвар дар доираи ин барномаи бонуфузи ҷаҳонӣ доир ба коҳиш додани паҳншавии бемории сил ба дастовардҳои назаррас ноил хоҳад шуд.

Соли ҷорӣ дар мамлакат «Стратегияи баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии мардуми Тоҷикистон барои солҳои 2013 – 2015» қабул шуд, ки дар ин ҳуҷҷати барномавӣ низ доир ба мубориза бар зидди бемории сил тадбирҳои мушаххас пешбинӣ шудаанд.

Танҳо дар соли ҷорӣ аз 900 миллион сомонии ба соҳаи тандурустӣ аз буҷети давлатӣ ҷудошуда 17 миллион сомонӣ барои хадамоти зиддисилӣ равона гардидааст.

Дар маҷмӯъ, тӯли солҳои соҳибистиқлолии мамлакат маблағузорӣ ҷиҳати мубориза бар зидди бемории сил 270 баробар зиёд гардидааст.
Дар баробари ин, солҳои охир ба раванди омода намудани мутахассисони соҳаи силшиносӣ таваҷҷуҳи зарурӣ дода мешавад.

Ҳоло дар ин соҳаи тандурустӣ 4 доктор, 7 номзади илм ва 220 нафар табиби силшинос ба ниёзмандон хизмати тиббӣ мерасонанд.

Ҳамчунин теъдоди муассисаҳои махсуси табобати бемориҳои сил афзоиш ёфта, айни замон ду маркази ҷумҳуриявӣ, 4 маркази вилоятӣ ва 66 муассисаи шаҳриву ноҳиявӣ фаъолият доранд, ки дар онҳо усулҳои муосири ошкор ва муолиҷа намудани ин беморӣ роҳандозӣ гардидаанд.

Марказҳои мазкур бо 25 адад дастгоҳи муосири тиббии муоинавӣ таъмин карда шудаанд, ки технологияи мазкур муҳлати ошкорсозии бемории силро аз ду моҳ то ба ду соат кам намудааст.

Тибқи таҳқиқоти олимон барои табобати ин беморӣ аз 6 моҳ то 2 сол муҳлат лозим буда, муоинаи дуруст, истифодаи дорувории дуруст таъиншуда ва табобати саривақтӣ имкон медиҳад, ки ин муҳлатҳо низ хеле кам карда шаванд.

Дар кишвар ҷиҳати пешгирии сироятёбӣ ба бемории мазкур аз ҷониби мутахассисони соҳа дар ҳамкорӣ бо кишварҳои мададрасон ба аҳолии минтақаҳое, ки хуруҷи ин беморӣ зиёд ба қайд гирифта мешавад, корҳои оммавии таблиғотиву иттилоотӣ ба роҳ монда шудааст.

Ҳозирини гиромӣ!

Ҳукумати кишвар то имрӯз бо сарфи қариб 300 миллион сомонӣ сохтмону азнавсозии иншооти махсуси табобати силро дар минтақаҳои гуногуни мамлакат ба анҷом расонидааст.


Маркази вилоятии имрӯза бо сарфи 7 миллион сомонӣ бунёд гардида, дар он тамоми шароити зарурӣ барои табобати саривақтии беморон ва фаъолияти кормандон муҳайё карда шудааст.

Беморхона дорои ҳуҷраҳои махсуси табобатӣ буда, дар як вақт имконияти ба табобати махсус фаро гирифтани 60 нафар беморро дорад.

Марказ дорои имконияти истифода аз тибби фосилавӣ буда, дар ҳолатҳои фаврӣ табибон метавонанд барои амалиёт ва табобат аз маслиҳату машварати мутахассисони варзидаи дигар муассисаҳои тиббии кишвар тариқи технологияи комуникатсионӣ баҳравар гарданд.

Давлату Ҳукумат раванди беҳтар намудани нигоҳдории муассисаҳои мазкурро минбаъд низ идома дода, ба сатҳу сифати хизматрасонӣ, табобати саривақтӣ, воридоти дорувории хушсифат ва пешгирии сироятшавӣ таваҷҷӯҳи махсус медиҳад.

Вобаста ба ин, вазоратҳои молия, рушди иқтисод ва савдо, тандурустӣ ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ вазифадор карда мешаванд, ки ҳангоми таҳияи нақшаи буҷет ҳамасола ҷиҳати зиёд намудани қисмати хароҷоти хадамоти зиддисилӣ ва харидорӣ намудани маводи доруворӣ, ғизо ва дигар таҷҳизоти зарурӣ чораҷӯӣ намоянд.

Ҳамчунин ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо супориш дода мешавад, ки аз ҳисоби заминҳои атрофи муассисаҳои мазкур барои ташкил намудани хоҷагии ёрирасон масоҳати заруриро ҷудо намоянд.

Ҳозирини гиромӣ!

Тибқи «Стратегияи миллии солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010 – 2020» бунёди муассисаҳои нави тандурустӣ, таъмиру таҷдиди иншооти мавҷудаи тиббӣ ва бо таҷҳизоти муосири тиббӣ таъмин намудани онҳо, инчунин омодасозии кадрҳо низ ба нақша гирифта шудааст, зеро яке аз самтҳои муҳим ва афзалиятноки сиёсати иҷтимоии Ҳукумати кишвар масъалаи омода намудани мутахассисони баландихтисоси соҳаи тиб ба ҳисоб меравад.

Дар даврони соҳибистиқлолӣ зиёда аз ҳазор муассисаи тиббӣ бунёд ва таъмиру таҷдид шуда, дар даҳ соли охир ба маблағи 350 миллион сомонӣ ба кишвар технология ва таҷҳизоти муосиртарини ташхисиву табобатӣ ворид карда шудааст.

Ҳамчунин дар зарфи 10 соли охир маблағгузории давлатии соҳаи тандурустӣ 25 баробар афзуд.

Бо фароҳам овардани заминаи мусоиди моддиву техникӣ мутахассисони соҳа ҳоло усулҳои муосири ташхисиву табобатиро роҳандозӣ намуда истодаанд.

Аз ҷумла, дар муассисаҳои тиббии кишвар табобати бемории чашм, саратон, ҷарроҳии мураккаби дил, бартараф намудани нуқсонҳои рӯй, иллати модарзодии дил, ивазсозии шараёнҳои қалб ва ҷарроҳиҳои дигар ба роҳ монда шудааст.

Бо кӯшиши олимони соҳа озмоишгоҳи ҳуҷайраҳои бунёдӣ ба фаъолият оғоз намуда, табобати бемориҳои дилу раг ва ҷигар тавассути ҳуҷайрадармонӣ ба роҳ монда мешавад.

Аз соли 2009 дар Тоҷикистон амалиёти ҷарроҳии пайвандсозии гурда анҷом дода мешавад, ки мушкилоти гарони аҳолии кишварамонро осон кардааст.

То имрӯз дар маркази миллии пайвандсозии узву бофтаҳои инсон ба 60 нафар шаҳрвандони кишвар амалиёти ҷарроҳии гурда гузаронида шуд.

Дар ин марказ амалиёти пайвандсозии ҷигар низ анҷом дода мешавад, ки айни замон дар баробари аҳолии кишвар теъдоди зиёди шаҳрвандони хориҷӣ ҳам барои табобат ва ҷарроҳии муосир дар навбат мебошанд.

Боиси ифтихор аст, ки дар натиҷаи рушди соҳаи тиб солҳои охир кишвари мо дар самти ташхису табобат аз давлати фиристандаи беморон ба кишвари қабулкунандаи маризон табдил ёфтааст.

Бешубҳа, ҳамаи ин комёбиҳо натиҷаи заҳмату талошҳои шумо, олимону донишмандон ва шифокорони миллати тоҷик мебошад.

Самти дигари афзалиятноки хизматрасонии тиббӣ ин мусоидат намудан ба рушди тибби хусусӣ мебошад.

Агар соли 2006-ум дар кишвар 117 субъекти фаъолияти тибби хусусӣ барои фаъолият иҷозатнома гирифта бошад, пас ин рақам дар соли 2013 ба зиёда аз 500 адад расида, беш аз 4 ҳазор нафар табибони кишвар машғули чунин шакли фаъолият мебошанд.

Таҷрибаи давлатҳои пешрафта нишон медиҳад, ки дар сурати фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди тибби хусусӣ ва дар сатҳи зарурӣ фаъолият намудани он мушкилоти мавҷудаи соҳаи тандурустӣ беҳтар мегардад.
Аз ин лиҳоз, вақти он расидааст, ки Вазорати тандурустӣ ва дигар сохтору мақомоти дахлдор ҷиҳати рушд ва дастгирии ин шакли фаъолият чораҳои муассир андешанд.

Тибқи талаботи қонунгузорӣ вазифаи асосии соҳа дар баробари расонидани кӯмаки аввалияи тиббӣ, инчунин хизматрасонии беҳдоштӣ ва санитарӣ ба аҳолӣ мебошад.

Дар ин радиф, таъмиру азнавсозии инфрасохтори муассисаҳои хоҷагии коммуналӣ ва дар сатҳи зарурӣ ба роҳ мондани хизматрасонии онҳо ба аҳолӣ, бахусус дар минтақаҳои дурдасти кишвар зарур мебошад.

Бинобар ин, Вазорати тандурустӣ, Корхонаи воҳиди давлатии «Хоҷагии манзиливу коммуналӣ», мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо вазифадор карда мешаванд, ки дар ҳамкорӣ бо соҳибкорони ватанӣ сохтмони муассисаҳои хоҷагии коммуналиро дар сатҳи маҳал ба нақша гирифта, ҷиҳати фароҳам овардани шароити нигоҳдории онҳо чораҳои дахлдор андешанд.

Дӯстони азиз!

Дар зарфи даҳ соли охир дар раванди ислоҳоти соҳаи тандурустии мамлакат заминаи меъёрии ҳуқуқӣ, низоми идоракуниву маблағгузорӣ, усулҳои расонидани кӯмаки аввалияи тиббиву беҳдоштӣ ва таҷдиди муассисаҳои тиббиву фармасевтӣ такмилу рушд ёфтанд.

Айни замон ҷиҳати танзими ҳуқуқии фаъолияти соҳаи тандурустии кишвар 20 қонун амал мекунад, ки дар марҳалаи гузариш ба низоми нави фаъолият зарурати ворид намудани тағйиру иловаҳо ба баъзе санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ба миён омадааст.

Бо мақсади амалӣ намудани тадбирҳои дар Консепсияи пешгӯии инкишофи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқарраршуда, таҳияи санадҳои меъёрии ҳуқуқии маҷмӯии соҳаи тандурустӣ пешбинӣ шудааст.

Инчунин баъзе муносибатҳо ва мафҳуму масъалаҳое низ ҳастанд, ки то ҳанӯз тавассути қонунгузорӣ танзим намегарданд.

Дар робита бо ин, вазоратҳои тандурустӣ, адлия ва Маркази миллии қонунгузориро зарур аст, ки қонунҳои амалкунандаи соҳаи тандурустиро ташхис намуда, раванди кодификатсияи қонунҳои соҳаи тандурустиро анҷом диҳанд ва лоиҳаи Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҳия намуда, ба баррасии Ҳукумати кишвар пешниҳод намоянд.

Ҳозирини гиромӣ!

Сарфи назар аз дастовардҳои соҳаи тандурустӣ ҳанӯз ҳам истифодаи усулҳои наву самараноки пешгирӣ ва ташхису табобати бемориҳо дар асоси навгониҳои илми муосир ва технологияи ҳозиразамон ҳамчун вазифа ва самти афзалиятноки сиёсати тандурустӣ боқӣ мемонад.
Солҳои охир талаботи аҳолӣ нисбат ба хизматрасонии босифати тиббӣ зиёд гардидааст, ки ин раванд таваҷҷуҳи бештарро ба омодасозии кадрҳои соҳибтахассус тақозо мекунад.

Дар се соли охир Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистонро 2702 нафар, коллеҷҳои тиббиро 8230 нафар ва омӯзишгоҳҳои тиббии мамлакатро 8200 нафар, дар маҷмӯъ 16400 нафар муассисаҳои таҳсилоти касбии тиббиро хатм намуда, ба ҷои кор сафарбар карда шудаанд.

Вале вақтҳои охир новобаста аз зиёд намудани шумораи қабул ҳолати баъди хатм ба ҷои кор ҳозир нашудан ё умуман фаъолият накардани мутахассисони дорои таҳсилоти олии тиббӣ ба назар мерасад.

Айни ҳол дар кишвар тибқи воҳидҳои кории мавҷуда зиёда аз 4500 нафар табибон ва зиёда аз 8000 нафар кормандони миёнаи тиббӣ намерасанд, ки ин омил ба сатҳи хизматрасонии тиббӣ дар минтақаҳои дурдасти кишвар таъсири манфӣ мерасонад.


Дар иртибот ба ҳолати мазкур, вазоратҳои маориф ва тандурустӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ вазифадор карда мешаванд, ки ҷиҳати бартараф намудани камбудии зикршуда чораҳои дахлдор андешанд.

Бояд тазаккур дод, ки иқдоми табибони кишвар оид ба амалӣ намудани чорабиниҳои тиббиву машваратӣ аз қабили «Корвони саломатӣ» ва «Рӯзи тандурустӣ», ки ба беҳтар гардидани дастрасии аҳолӣ ба хизматрасонии тиббӣ нигаронида шудааст, ҳамчун иқдоми неку хайр минбаъд низ идома дода шавад.

Мусаллам аст, ки хизматрасонии босифати аввалияи тиббӣ натанҳо аз донишу малакаи кормандони соҳа, балки аз мавҷуд будани заминаи моддиву техникӣ вобаста аст.

Тибқи меъёрҳои муқарраргардида ба ҳар 10 ҳазор нафар аҳолӣ як адад нақлиёти кӯмаки таъҷилии тиббӣ зарур аст.

Айни замон дар аксар шаҳру ноҳияҳои мамлакат меъёри мазкур сарфи назар гардида, боиси сари вақт дастрас нагардидани хизматрасонии тиббӣ шуда истодааст.

Бинобар ин, ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо супориш дода мешавад, ки ҷиҳати мусоидат намудан ба харидории нақлиёти хизматрасонии аввалияи тиббӣ, бахусус барои беморхонаҳои шаҳраку ҷамоатҳо чораҳои зарурӣ андешанд.

Тибқи таҳлили олимон ва мутахассисони соҳа аз хизматрасонии тандурустӣ 10 фоизи солимии инсон вобастагӣ дошта, 90 фоизи тандурустӣ аз тарзи ҳаёт, муҳити зист, маводи ғизоӣ, ирсият ва дигар омилҳо вобаста мебошад.

Ҷиҳати коҳиш додани сатҳи гирифторшавии аҳолӣ ба бемориҳои ғайрисироятӣ ва боло бурдани фарҳанги тиббии ҷомеа аз ҷониби Ҳукумати кишвар Маркази ҷумҳуриявии ташаккули тарзи ҳаёти солим, Маркази ҷумҳуриявӣ оид ба масъалаҳои ғизо ва дигар муассисаҳои зарурӣ таъсис дода шудаанд.

Ҳадафи асосии онҳо пешгирӣ ва кам намудани паҳншавии бемориҳои сироятӣ, истеъмоли ғизои носолим, вазни барзиёди бадан, фаъолнокии нокифояи ҷисмонӣ ва монанди инҳо мебошад.

Дар ин росто, Вазорати тандурустиро зарур аст, ки ҷиҳати баланд бардоштани мавқеи сохтори ёрии аввалияи тиббию беҳдоштӣ тадбирҳои иловагӣ андешад.

Табибони муҳтарам!

Ҳазор сол муқаддам Абуалӣ ибни Сино бо таълифи шоҳкории беназиру арзишманди худ «Қонуни тиб» собит намуд, ки халқи фарҳангпарвари тоҷик дар соҳаи тиб низ метавонад мақоми ҷаҳонӣ касб намояд.

Тарҷумаи асари Сино дар кишварҳои Ғарб чунон аҳамияте пайдо намуда буд, ки аврупоиҳо баробари ихтирои дастгоҳи чопӣ онро дар радифи китобҳои муқаддасашон ба нашр расониданд.
Ҳамасола дар кишвари мо кормандони тиб ва аҳли ҷомеа ба хотири арҷгузорӣ ва гиромидошти таълимоту хизматҳои арзишманди Шайхураис Абӯалӣ ибни Сино санаи 18 августро, ки ба зодрӯзи ин табиби ҳозиқ рост меояд, ҳамчун Рӯзи касбии кормандони тиб таҷлил менамоянд.

Басо рамзист, ки соли равон таҷлили Рӯзи кормандони тиб ба ҳазораи таълифи шоҳасари «Қонуни тиб» рост омадааст.

Дар иртибот ба ин рӯйдоди фараҳбахш ҳамаи шумо ва кормандони соҳаи тиби кишварро бо иди касбии дарпешистода шодбош гуфта, ба ҳар яки шумо меҳру муҳаббати инсондӯстона, қалби пок, саодати рӯзгор ва хушҳоливу хушрӯзӣ орзу менамоям.

Дарвоқеъ, рисолати вориси Абӯалӣ ибни Сино будан танҳо бо доштани таҳсилоти олӣ ва пӯшидани хилъати сафед ба охир намерасад.

Кору пайкор ва осори Шайхурраис гувоҳ аст, ки ӯ танҳо бо ташхису табобати беморон қаноат накарда, ҳамчун шахсияти иҷтимоӣ ва фаромиллӣ барои инъикос ва ҳимояи ғояву арзишҳои бузурги башарият саҳми беназир гузоштааст.

Дар баробари ин осори гаронбаҳои илмиву фалсафии ӯ раҳнамову роҳкушои олимону табибон мебошад. Ва ин аст, ки ҷаҳони мутамаддин ӯро ба ҳайси поягузори фарҳанги тибби ҷаҳонӣ эътироф кардааст.

Итминони комил дорам, ки ҳар яки шумо низ кору пайкори ин шахсияти барҷастаи тибби ҷаҳониро идома дода, бо дарки масъулияти баланди касбӣ барои ҳарчи беҳтар гардидани тандурустии аҳолии мамлакат саҳми арзандаи худро хоҳед гузошт.

Таҷрибаву дастовардҳои шумо тӯли солҳои охир аз он шаҳодат медиҳад, ки соҳаи тандурустии кишвар дорои иқтидори тавонои зеҳнӣ мебошад.

Бори дигар ҳамаи шумо - олимону устодон ва ҳозирини гиромиро ба муносибати ифтитоҳи боз як маркази замонавии тиббӣ табрик гуфта, ба шумо тансиҳатӣ ва дар фаъолияти пуршарафу башардӯстонаатон барору кушоиш орзумандам.

Ҳамеша саодатманду пирӯз бошед!

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520