Дар маркази ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ дар ҳузури Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон нахустин дармонгоҳ ва шифохонаи хусусӣ дарҳои худро ба рӯйи ниёзмандон боз намуд.
Зимни шиносоӣ бо шароити ин муассисаи тиббӣ, аз ҷумла иттилоъ дода шуд, ки дармонгоҳи он дар як басти корӣ метавонад ба 150 нафар ниёзмандон хизмат расонад.
Шифохона бошад, дорои 110 кати хоб буда, дар ҳарду ҷузъи ин муассиса беш аз 120 нафар кормандони соҳаи тиб бо кори доимӣ таъмин мешаванд.
Ин муассисаи тиббӣ бо техникаю таҷҳизоти муосири муоина, ташхис ва табобат муҷаҳҳаз буда, ба он мутахассисони баландпоя ба кор даъват шудаанд. Аз ҷумла шуъбаи ҷарроҳии он дорои дастгоҳе аст, ки бо он амалиёти ҷарроҳӣ бе буридани бадан танҳо бо сӯрох кардан анҷом дода мешавад.