Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Ху Ҷинтао

14.06.2006 17:00, Чин

Нимаи дуюми рӯзи 14 июн Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов бо Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Ху Ҷинтао мулоқот намуд.

Дар вохӯрӣ маҷмӯи васеи масоили ҷорӣ ва дурнамои ҳамкориҳои Тоҷикистону Чин дар доираи муносибатҳои дуҷониба, дар чаҳорчӯбаи Созмони Милали Муттаҳид, Созмони Ҳамкории Шанхай ва дигар ташкилотҳои минтақавию байналмилалӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Ҷонибҳо аз рушди робитаҳои мутақобилан судманди ду кишвар изҳори қаноатмандӣ намуда, таъкид доштанд, ки Тоҷикистону Чин доир ба ҳама масоили минтақавию байналмилалӣ назари ягона ва ё ба ҳам наздик доранд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов изҳор дошт, ки мо ҷонибдори ба имзо расондани санади бунёдии сиёсӣ - Созишнома дар бораи дӯстӣ, ҳамкорӣ ва ҳусни ҳамсоягӣ бо Ҷумҳурии Мардумии Чин мебошем.

Пешниҳоди Сарвари давлати Тоҷикистонро дар бораи ин созишнома Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Ху Ҷинтао хуш пазируфта, ба Вазорати корҳои хориҷаи Ҷумҳурии Мардумии Чин ҳамоно супориш дод, ки ба таҳияи ҳарчи зудтари он лоиҳа мусоидат намояд.

Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Ху Ҷинтао зимни мулоқот изҳор дошт, ки кишвари мо имрӯз шоҳиди инкишофи босуръати иқтисодиёти кишвари Шумо мебошад ва ҷумҳурии мо омода аст, ки аз рушду нумӯи Тоҷикистон ба хотири таҳкиму тавсиаи робитаҳои судбахш ва ҳусни ҳамсоягӣ ҳамаҷониба дастгирӣ намояд.

Ху Ҷинтао ҳамчунин ба аҳамияти минтақавии нақшаю ниятҳои стратегии Тоҷикистон дар соҳаи энергетика ва коммуникатсия баҳои баланд дода, омодагии кишварашро баҳри рушди ҳамкории манфиатбахш дар ин самтҳо таъкид дошт.

Ху Ҷинтао ҳамчунин изҳор дошт, ки давлати Чин ба Тоҷикистон дар ҳаҷми 70 млн.юан кӯмаки бебозгашти иловагӣ хоҳад расонд.

Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов маблағгузории лоиҳаҳои таҷдиди роҳи автомобилгарди Душанбе-Хуҷанд-Чанак ва хаттҳои баландшиддати интиқоли барқро аз ҷониби Ҷумҳурии Мардумии Чин намунаи барҷастаи дастгирии рушди иқтисодиёти кишвари мо арзёбӣ намуда, ба Сарвари давлати Чин Ху Ҷинтао изҳори сипос кард.

Пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов оид ба бунёди роҳи оҳан байни Ҷумҳурии Мардумии Чин ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон аз тариқи ҳудуди Тоҷикистону Қирғизистон аз ҷониби Чин баррасии амиқи худро пайдо намуд.

Мусоҳибон оид ба рӯзномаи ҷаласаи навбатии сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай мубодилаи афкор намуда, аз болоравии таъсир ва обрӯю нуфузи он дар минтақа ва ҷаҳон изҳори қаноатмандӣ карданд ва таъкид доштанд, ки ин созмон имрӯз қодир аст, ки дар ҳаллу фасли масоили мубрами ҷаҳонӣ саҳми намоён дошта бошад.

Эмомалӣ Раҳмонов дар робита ба рушди муносибатҳои дуҷонибаи фарҳангӣ ба ҳайси нишона аз ҳавасмандии Тоҷикистон пешниҳод намуд, ки пайкараи олиму мутафаккири барҷастаи тоҷик Абӯалӣ ибни Сино дар Пекин ва пайкараи шахсияти намоёни илму фарҳанги Чин Конфутсий дар Душанбе гузошта шавад. Пешниҳод бо хушнудӣ пазируфта шуд.

Дар охир Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Ху Ҷинтаоро даъват намуд, ки дар вақти барояш мувофиқ ба Тоҷикистон бо сафари давлатӣ ташриф орад. Даъват бо қаноатмандӣ пазируфта шуд. Ху Ҷинтао изҳор дошт, ки ӯ воқеан хоҳиши боздид аз Тоҷикистони зебоманзарро дорад. Мӯҳлати сафар бо роҳҳои дипломатӣ мушаххас карда мешавад.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон, 2005 - 2018
Тел/Факс.: (+992 37)2212520