Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ифтитоҳи корхонаи коркарди тухмӣ дар ноҳияи Бохтар

07.07.2013 12:40, ноҳияи Кӯшониён

Дар ҷамоати деҳоти Сарвати Истиқлоли ноҳияи Бохтар корхонаи поксозӣ, лучсозӣ ва заҳролудкунии тухмии зироатҳои кишоварзӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

Тавре зикр гардид, бори нахуст чунин корхона дар вилояти Суғд фаъол гардида буд. Дар вилояти Хатлон, ки калонтарин минтақаи кишоварзӣ, аз ҷумла пахтакории кишвар аст, ин корхона бо супоришу маслиҳати Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо харҷи қариб 2,5 миллион доллари амрикоӣ бунёд ёфтааст.

Ин корхона имкон дорад, ки дар як шабонарӯз то 32 тонна тухмии пахта ва 80 тонна тухмии ғалладонаро ба кишт омода созад.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дастур дод, ки аз соли 2014 сар карда, танҳо тухмиҳои дар чунин корхонаҳо коркардшуда кишт карда шавад. Таъкид гардид, ки аз ин ҳисоб ҳазорҳо тонна тухмӣ сарфа мешавад, зеро агар ҳозир дар як га замин аз 100 то 125 кг тухмии коркардношудаи пахта кишт шавад, аз тухмии коркардшуда 25 килограмаш барои як га кифоя аст.

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ин мавзӯъро таҳлил намуда, изҳор дошт, ки “агар дар ҷумҳурӣ бо ҳамин роҳ 80 ҳазор тонна чигити пахта сарфа карда шавад, аз он 16-17 ҳазор тонна равған истеҳсол кардан мумкин аст”. “Аз 15 ҳазор тонна чигит, ки  ҳар сол дар вилояти Хатлон кишт мешавад, дар сурати истифода аз тухмии босифати коркардшуда, 12 ҳазор тоннааш сарфа мешавад ва аз он имкон аст, ки 1600 тонна равған ва 7-8 ҳазор тонна хӯроки чорво истеҳсол карда шавад”, - таъкид дошт Сарвари давлат.

Тавре зикр гардид, нархи тухмии дар чунин корхона омодашуда нисбат ба тухмии бекоркард ва тозанашуда, албатта баландтар аст, вале аз ҳисоби сифат, самарабахшӣ ва сарфи ками тухмӣ ҳангоми кишт хароҷоти деҳқон кам ва манфиаташ хеле бештар мегардад.  

 Дар ин корхона 30 нафар аз аҳолии маҳаллӣ бо кор таъмин шуда, аз 400 то 800 сомонӣ маош мегиранд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520