Дар маркази ноҳияи Бохтар бо ҳузури Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон тӯйи арусии 10 ҷуфти ҷавон ва хатнасури 150 кӯдаки ятиму бепарастор ва аз оилаҳои камбизоат ороста шуд.
Ин маросими пурфараҳи хайрия бо дастгирию саҳмгузории соҳибкорони маҳаллӣ ба таври дастаҷамъона ва каммасраф аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия созмон дода шуд.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба ҳамаи кӯдакон ва навхонадорон кумаки яквақтаи моддӣ ва туҳфаҳои арзишманди хотиравӣ тақдим намуд.