Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шиносоӣ бо фаъолияти ширкати хусусии дорусозии Мину Фарм

05.07.2013 20:43, ноҳияи Кӯшониён

Бегоҳии рӯз дар ноҳияи Бохтар Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолияти пурсамари яке аз корхонаҳои ширкати хусусии дорусозии Мину Фарм шинос шуд.

Тавре зикр гардид, ин ширкат соли 2009 таъсис ёфта, дар аввал бо ҷамъоварии гиёҳҳои шифобахш, беш аз ҳама решаи ширинбияву шираи камол ва  омодасозии маводи доруворӣ аз онҳо машғул будааст. Ҳоло бошад дар ин ширкат ҳамчунин ҷамъоварӣ ва парвариши  морҳои заҳрдор барои омодасозии доруворӣ аз заҳри онҳо ба роҳ монда шудааст.

Дар ин корхонаи дорусозии ин ширкат то имрӯз истеҳсоли 6 намуди маҳсулот аз шираи камол ва як намуд экстракт аз решаи ширинбия, ки асосан маҳсулоти нимтайёр барои дорусозӣ мебошад, ба роҳ монда шудааст. Маҳсулоташон бештар ба давлатҳои Покистону Ҳиндустон, Чин, Япония ва Малайзия содирот карда мешавад.

Барои ҷамъоварию парвариши морҳои заҳрдор, гирифтани заҳри онҳо ва омодасозии чанд намуд дору аз он ин ширкат иҷозатномаи байналмилалӣ низ ба даст овардааст.

Ҳоло дар ин ширкат 30 нафар мутахассисони баландпояи табиатшиносу дорусоз бо кори доимӣ таъмин гардидаанд. Ғайр аз ин беш аз 600 нафар аз аҳолии деҳот дар мавсими ҷамъоварии ашёи хом ба кор ҷалб карда мешаванд.

Ба иттилои роҳбарияти ширкат, онҳо бо истифода аз захираю имконоти беканори табиати биҳиштосои Тоҷикистони азиз фаъолияти пурсамари фоидабахш ба роҳ монда ҳам ба нафъи худ ва ҳам буҷети кишвар хизмат мекунанд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520