Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Корхонаи нави пахтатозакунии Бохтар Инвесткоттон ба кор даромад

05.07.2013 18:40, ноҳияи Кӯшониён

Дар ҷамоати деҳоти Заргари ноҳияи Бохтар, ҳамчунин як корхонаи нави пахтатозакунӣ, ки бо технологияи нави каммасраф ва хушсифат ба кор омода шудааст, ифтитоҳ ёфт.

Тавре иттилоъ доданд,  ин корхона дар муддати як сол бо харҷи беш аз 4 миллион сомонӣ сохта шуда, дар он зиёда аз 120 нафар бо кор ва маоши аз 1200 то 1500 сомонӣ таъмин гардидааст. 70 нафари коргарон занону духтарон мебошанд.

Корхона дар як сол то 20-25 ҳазор тонна пахтаро коркард намуда, нахи онро бо сифати баланд ҷудо мекунад. Техникаю таҷҳизоти ин корхона, ҳамчунин каммасраф буда, нисбат ба дастгоҳҳои технологии пешин 50% камтар нерӯи барқ сарф мекунад.

Дар назди ҳамин корхона бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин ба сохтмони корхонаи равғанкашӣ оғоз бахшида шуд.

Чунонки иттилоъ доданд, дар корхона ҳар шабонарӯз то 50 тонна чигит ва ё дони офтобпараст коркард хоҳад шуд. Дар ин корхона 4 навъи маҳсулот-равған, кунҷора, шулуха ва тибити пахта тавлид мешавад. Танҳо равған дар ин корхона дар як сол беш 3 ҳазор тонна истеҳсол мешавад.

Ин корхона то даҳаи охири моҳи декабри соли равон ба кор омода шуда, дар он 105 нафаи дигар бо кори доимӣ таъмин хоҳанд шуд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520