Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ифтитоҳи кӯдакистони муосири хусусӣ дар ноҳияи Бохтар

05.07.2013 17:59, ноҳияи Кӯшониён

Дар ҷамоати деҳоти Заргар бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон нахустин кӯдакистони хусусӣ, ки бо номи Садаф аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Саидҷаъфар Ҷобиров бунёд ёфтааст, мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

Кӯдакистон барои 120 нафар кӯдакони синни томактабӣ пешбинӣ шуда, дорои шароити хуби муосир барои будубош, бозию дилхушӣ, истироҳат ва таълиму тарбия мебошад.

Маблағи хизматрасонии кӯдакистон  барои як кӯдак дар як моҳ 100 сомонӣ аст. Тавре иттилоъ доданд, сатҳи зиндагии мардум дар ин ҷамоат, ки беш аз 55 ҳазор аҳолӣ дорад, нисбатан баланд аст ва аксари онҳо имкони пардохти ҳармоҳаи чунин маблағҳоро доранд. Гузашта аз ин,  соҳибкори маҳаллӣ Саидҷаъфар Ҷобиров тасмим гирифтааст, ки давоми зиёда аз 2 моҳи аввали фаъолияти кӯдакистон, яъне дар миёни ду иди муқаддаси миллӣ-Рӯзи Ваҳдат ва Истиқлоли давлатии Тоҷикистон ба кӯдакон ройгон хизмат расонанд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520