Имрӯз дар шаҳри Қурғонтеппа Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон роҳбари ҳайати расмии Кумитаи Марказии Ҳизби коммунисти Ҷумҳурии Мардумии Чин Чжао Ҷиро ба ҳузур пазируфт.
Дар мулоқот масоили вобаста ба таҳким ва густариши минбаъдаи муносиботи дӯстӣ ва ҳамкории судманди Тоҷикистону Чин баррасӣ шуд.
Таваҷҷуҳи асосӣ ба татбиқи амалии санадҳои сершуморе, ки миёни ду кишвар дар сатҳу зинаҳои гуногун ба имзо расидаанд, зоҳир гардид.
Изҳори боварӣ карда шуд, ки ба сатҳи шарикии стратегӣ расидани муносиботи Тоҷикистону Чин оғозбахши марҳилаи сифатан нави робитаҳои гуногунпаҳлӯи ду ҳамсояи дӯсту бародар мегардад.