Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ифтитоҳи Аквапарки муосир дар деҳоти Бустонқалъаи ноҳияи Бохтар

05.07.2013 11:58, ноҳияи Кӯшониён

Дар ҷамоати деҳоти Бустонқалъаи ноҳияи Бохтар бо иштироки Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон маркази нави бозию дилхушиии обӣ-Аквапарк ё худ парки обӣ мавриди истифодаи умум қарор гирифт.

Тавре зикр гардид, ин аквапарк бо як осоишгоҳи зебои замонавӣ дар 10 га замини соҳили рӯди Вахш аз ҷониби соҳибкорони маҳаллии ширкати Эъмор бо харҷи беш аз 20 миллион сомонӣ бунёд меёбад. То имрӯз барои омодасозии аквапарк ва оғози сохтмони биноҳои чорошёнаю шашошёна ва дигар иншооти ёрирасони осоишгоҳ беш аз 3 миллион сомонӣ сарф шудааст.

Чунонки иттилоъ доданд, дар аквапарк ва осоишгоҳи нави ин мавзеъ зиёда аз 200 нафар соҳиби кор ва маоши баланд хоҳанд шуд.

Тавре аён гардид, шодию нишоти кӯдакону наврасонро аз ифтитоҳи ин маркази обии бозию дилхушӣ ҳадду канор нест. Дар воқеъ аквапарк бо тарҳи хеле зебою назаррабо ва бо завқу салиқаи баланд сохтаву муҷаҳҳаз шудааст.

Хотирасон бояд намуд, ки ин аквапарки муосир дар миёни шаҳрҳои Қурғонтеппаю Сарбанд дар ҳудуди ноҳияи Бохтар қарор дошта, аз он кӯдакону наврасони ҳамаи шаҳру ноҳияҳои ин минтақаи вилояти Хатлон метавонанд, баҳравар гарданд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520