Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шиносоӣ бо кори хоҷагиҳои деҳқонии намунавӣ дар ноҳияи Бохтар

05.07.2013 10:10, ноҳияи Кӯшониён

Дар ҷамоати деҳоти Сарвати Истиқлоли ноҳияи Бохтар Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бо кори чанд хоҷагии деҳқонии намунавӣ, аз ҷумла хоҷагии деҳқонии Навкор бевосита шинос шуд.

Тавре аён гардид, ин хоҷагӣ асосан бо парвариши зироатҳои гуногун, аз қабили пахта ва сабзавоту полезӣ ва ҳамчунин боғу токпарварӣ машғул будааст.

Аҳли заҳмати хоҷагӣ, асосан тухмии пахтаи флора кишт карда, аз он ҳосили фаровон мерӯёнанд. Соли гузашта онҳо аз гектари ин навъи пахта 42 сентнерӣ ҳосил гирифтаанд. Нахи ин намудаи пахта 43% будааст. Аз 130 ҳазор гектар замини кишти пахтаи имсола дар вилоят низ 70 фоизашро ҳамин навъи пахта ташкил медиҳад. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дастур дод, ки майдони кишти пахтаи маҳиннах низ зиёд карда шавад.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520