Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Оғози сафари корӣ ба вилояти Хатлон

05.07.2013 08:43, шаҳри Бохтар

Имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон барои шиносоии наздик бо вазъи зиндагии мардум, анҷом додани суҳбатҳои бевосита бо аҳолии касбу кори гуногун ва мусоидат кардан ба бартарафсозии камбудиҳои мавҷуда ба вилояти Хатлон сафар кард.

Тайи ин сафар Сарвари давлат ба як қатор шаҳру ноҳияҳои минтақаи Қурғонтеппа ташриф оварда, иншооти зиёди дорои аҳамияти иҷтимоию иқтисодӣ ва фарҳнгиро мавриди баҳрабардорӣ қарор медиҳад. Бо иштироки роҳбари давлат, ҳамчунин бунёди як зумра иншооти дигар оғоз меёбад.

Боздиди навбатии кории Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо иштирок дар хатнасури дастаҷамъонаи 150 кӯдаки ятиму бепарастор ва аз оилаҳои ниёзманд ва ҳамчунин тӯйи арусии 10 ҷуфти навҷавонон аз ҳамин гуна оилаҳо оғоз ёфт. Ин чорабинии дастаҷамъонаи хайрия дар тарабхонаи хусусии Бандари куҳани шаҳри Қурғонтеппа, ки худи ҳамин рӯз ифтитоҳ ёфт, баргузор гардид.

Тавре зикр гардид, ин бинои зебои замонавӣ, ки иборат аз таҳхона ва 2 ошёна мебошад, бо харҷи беш аз 4 миллион сомонӣ аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Ҷамол Нуриддинов бунёд ёфтааст. Дар таҳхонаи он толору утоқҳои варзишии машқи бадан ва фитнес, дар ошёнаи якум тарабхона ва дар ошёнаи дуюмаш маркази дилхушии кӯдакон ҷойгир шудааст.

Маросими тӯйи арусӣ ва хатнасури дастаҷамъонаи хайрия қисман аз ҷониби ҳамин соҳибкор ва қисман аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Қурғонтеппа ташкил карда шуд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба ҳар як кӯдаки хатнашаванда ва ҳар ҷуфти навхонадорон кумаки моддӣ ва туҳфаҳои арзишманди хотиравӣ тақдим намуда, бо онҳо суҳбати озоду самимӣ анҷом дод.

Президенти кишвар, ҳамчунин ба созмондиҳандагони ин кори хайру савоб, ки дар арафаи моҳи шарифи рамазон анҷом медиҳанд, арзи сипос карда, таъкид дошт, ки “хайроту садақоти худро мардуми мусулмон бояд маҳз ба ҳамин гуна табақаҳои ниёзманди аҳолӣ равона созанд”.

Чунонки аён гардид, тарабхонаи ин бинои зебо дар дохил ва ҳавлӣ дорои 230 ҷойи нишаст буда, дар ошёнаи дуюми он барои кӯдакон техникаю таҷҳизоти гуногуни бозию дилхушӣ васл гардидааст. Дар ин бино 50 нафар соҳиби кори доимӣ мегарданд.

Аз ҷониби Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба тарҳи бино ва сифати корҳои сохтмону васлгарӣ ва ороишӣ баҳои баланд дода шуд, зеро он дар воқеъ бо усули хеле зебо ва ғайриоддӣ тарроҳию бунёд ёфтааст.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520