Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин

22.02.2008 01:30, Россия

Рӯзҳои 21 ва 22-юми феврал Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати иштирок дар мулоқоти ғайрирасмии сарони кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва вохӯрӣ бо тоҷикистониёни муқими Федератсияи Россия дар шаҳри Маскав қарор дошт.

Худи ҳамон рӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин мулоқот намуд.

Дар вохӯрӣ масоили ҷорӣ ва дурнамои ҳамкории Тоҷикистону Россия баррасӣ шуд.

Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба саҳми бевоситаи Владимир Путин дар таҳкиму густариши ҳамшарикии стратегии ду кишвар баҳои баланд дода, ба ӯ арзи сипосу миннатдорӣ кард.

Ҷонибҳо оид ба маҷмӯи муносибатҳо дар соҳаҳои сиёсати байналмилалию минтақавӣ, иқтисод ва савдо, энергетика, саноат, нақлиёт ва коммуникатсия, мудофиа, амният ва ҳифзи сарҳади ҷанубии Тоҷикистон гуфтугӯи судманд анҷом доданд.

Эмомалӣ Раҳмон ва Владимир Путин беш аз ҳама аз ҷараёни сохтмони босуръати нерӯгоҳи обии Сангтӯда-1 ва рушди дилхоҳи ҳамкориҳои байни сохторҳои қудратию ҳифзи ҳуқуқи ду кишвар изҳори қаноатмандӣ карданд.

Владимир Путин изҳор дошт, ки барои бартараф намудани бӯҳрони энергетикии Тоҷикистон ва пасомадҳои ногувори он давлати Россия кӯмаки ҳамаҷонибаи худро ба давлат ва мардуми мо дареғ намедорад.

Ӯ ҳамчунин таъкид дошт, ки давлати Россия ҳамкории энергетикии худро бо Тоҷикистон боз ҳам густариш дода, омода аст, ки дар татбиқи дигар лоиҳаҳои муҳимми кишвари мо иштироки фаъол дошта бошад.

Мусоҳибон дар давоми ҳафт соли охир ба ҳадди қариб се баробар боло рафтани ҳаҷми мубодилоти молро натиҷаи ҳамкории босамар ва фоли нек аз ояндаи умедбахши муносибатҳои ду кишвар маънидод карданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон таъкид дошт, ки ҳоло дар кишвари мо бо сармоягузории Россия 183 ширкат кор мекунад ва фақат соли гузашта сармояи бевоситаи вориднамудаи онҳо 160 миллион доллари амрикоиро ташкил дод. Ӯ ҳамчунин афзуд, ки ҳаҷми умумии гардиши мол дар байни ду кишвар соли 2007 ба 857 миллион доллари амрикоӣ расид. Таъкид гардид, ки нисбат ба соли 2006-ум 175 фоиз зиёд аст.

Онҳо ҳамчунин аз рушди равобити фарҳангию башардӯстӣ низ изҳори қаноатмандӣ карданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод намуд, ки дар Душанбе филиалҳои Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи Ломоносов, Донишгоҳи энергетикии Маскав ва Донишкадаи давлатии кӯҳии Санкт-Петербург кушода шаванд.

Сарони ду давлат ба ҷонибдории таҳкиму густариши ҳамкориҳои минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ изҳори андеша карда, аз ҷумла рушди муносибатҳои ҳасанаи энергетикӣ ва нақлиётию коммуникатсиониро омили пешрафту шукуфоии кулли кишварҳои ин минтақа маънидод карданд.

Дар мулоқот ҳамчунин оид ба таҳкиму густариши робитаҳои судманд дар чаҳорчӯби Созмони ҳамкории Шанхай ва дигар созмонҳои минтақавию байналмилалӣ табодули назар карда шуд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520