Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сафари расмии Президенти Федератсияи Россия ба Ҷумҳурии Тоҷикистон

29.08.2008 17:00, шаҳри Душанбе

Имрӯз боздиди Дмитрий Медведев аз шаҳри Душанбе дар чаҳорчӯби барномаи сафари расмии Президенти Федератсияи Россия ба Ҷумҳурии Тоҷикистон идома ёфт.

Сафари расмии Президенти Федератсияи Россия Дмитрий Медведев ба Тоҷикистон бо маросими гулгузорӣ дар зери пояи пайкараи Исмоили Сомонӣ оғоз ёфт.

Сарвари давлати Россия Дмитрий Медведев ба майдони «Дӯстӣ»-и пойтахт ташриф оварда, зери пояи асосгузори нахустин давлати тоҷикон - шоҳ Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузошт ва ба арзишҳои волои миллию таърихии миллати бостонии тоҷик арҷгузорӣ намуд.

Маросими гулчанбаргузорӣ дар фазои пуршукӯҳи тантанавӣ бо иштироку ҳамроҳии ҷузъутомҳои Гордии ифтихории Тоҷикистон ва ҳунарнамоии оркестри низомии асбобҳои нафасӣ ҷараён гирифт.

Маросими истиқболи расмии Президенти Федератсияи Россия Дмитрий Медведев дар назди бинои боҳашамати «Қасри Миллат» дар фазои тантанавӣ баргузор гашт.

Ба ифтихори ташрифи расмии меҳмони олимақом дар назди Қасри Миллат парчамҳои давлатии Тоҷикистону Россия афрохта шуда, горди фахрии Ҷумҳурии Тоҷикистон саф ороста буд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Президенти Федератсияи Россия Дмитрий Медведевро истиқбол гирифта, ба болои минбари ифтихорӣ даъват намуд. Тибқи муқаррароти сафарҳои расмӣ сурудҳои миллии ҳарду кишвар садо доданд ва фармондеҳи горди фахрӣ ба меҳмони олимақом гузориш дод.

Баъди садо додани сурудҳои миллӣ ва гузориши фармондеҳи горди фахрӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Федератсияи Россия Дмитрий Медведев аз назди ҷузъҳои горди фахрии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузашт карданд. Президенти Федератсияи Россия Дмитрий Медведев ҷониби Парчами давлатии кишвари мо эҳтиром ба ҷо овард.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Федератсияи Россия Дмитрий Медведев бо ҳайатҳои расмии ҳарду ҷониб аз наздик шинос шуданд.

Бояд таъкид намуд, ки ин нахустин сафари Дмитрий Медведев ба Ҷумҳурии Тоҷикистон аст.

Расми гузашти низомии ҷузъу томҳои горди ифтихории Тоҷикистон маросими истиқболи расмии Президенти Федератсияи Россия Дмитрий Медведевро ҳусни анҷом бахшид.

Бинои пурҷилои Қасри Миллат бори дуюм мақоми баргузории мулоқотҳои сатҳи олии байнидавлатӣ шуд.

Cарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имрӯз дар ин ҷо Президенти Федератсияи Россия Дмитрий Медведевро, ки бори нахуст ба Тоҷикистон ташриф овардааст, мавриди истиқболу пазироӣ қарор дод.

Баъди анҷоми маросими истиқболи расмӣ, ки дар саҳни ҳавлии он баргузор гашт, дар ҳамин бинои боҳашамат нахуст мулоқоти хоссаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Федератсияи Россия Дмитрий Медведев баргузор гашт.

Cарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз сатҳу мазмуни муносибатҳои ду кишвар изҳори қаноатмандӣ карда, таъкид дошт, ки Россия шарики табии стратегии Тоҷикистон аст ва ҳамкориҳои гуногунсоҳа бо он минбаъд низ дар ҳамин замина идома хоҳанд ёфт.

Президенти Федератсияи Россия Дмитрий Медведев Cарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва мардуми кишварро бо ташкил ва дар сатҳи хеле баланд гузарондани ҳамоиши сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай табрику таҳният гуфта, таъкид дошт, ки давлати Россия чун шарики стратегӣ ба густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ, иштироки бештари ширкатҳои бузурги кишвараш дар иқтисодиёти Тоҷикистон ва сохтмони иншооти гуногун манфиатдор аст.

Маҷмӯи васеи масоили ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистону Россия дар гуфтушуниди расмӣ бо иштироки ҳайатҳои васеъ идома ёфт.
Изҳори боварӣ карда шуд, ки имсол ҳаҷми мубодилаи молу маҳсулот бояд аз 1 миллиард доллари амрикоӣ гузарад ва таъкид гардид, ки ин нишондод бо татбиқи бисёр барномаю лоиҳаҳои дигари калонҳаҷм дар соҳаҳои энергетика, истихроҷ ва коркарди газ ва уран ва дигар корҳои муҳим бояд ба маротиб боло равад.

Гуфтугӯйи пурмӯҳтаво ҳамчунин оид ба рушди ҳамкориҳои ҳарбӣ –техникӣ, густариши робитаҳо дар соҳаҳои маориф, фарҳанг ва дигар самтҳо сурат гирифт, ки шарҳи муфассалу возеҳи ҳамаи он дар Баёнияи муштараки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Президенти Федератсияи Россия инъикос ёфтааст.

Баъди анҷоми мулоқотҳои расмӣ бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Федератсияи Россия Дмитрий Медведев 6 санади нави ҳамкории дуҷониба ба имзо расид:

Зери Баёнияи муштараки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Президенти Федератсияи Россияро сарони ду давлат Эмомалӣ Раҳмон ва Дмитрий Медведев имзо гузоштанд.

Ҳамчунин ба имзо расид:

Созишнома оид ба ҳифзи мутақобилаи ҳуқуқ ба натиҷаи фаъолияти зеҳнӣ, ки дар рафти ҳамкориҳои дуҷонибаи ҳарбӣ-техникӣ истифода ва ба даст оварда мешаванд;

Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Россия оид ба таъсис ва фаъолияти Маркази байналмилалии илмӣ-тадқиқотии «Помир-Чақалтой»;

Созишнома байни Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати фарҳанг ва иртиботи оммаи Федератсияи Россия оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи фарҳанг;

Созишнома байни Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати кишоварзии Федератсияи Россия оид ба ҳамкориҳо дар комплекси агросаноатӣ.

Ёддошт дар бораи ҳамкорӣ байни Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи «Интер РАО ЕЭС»-и Федератсияи Россия ҷиҳати рушди лоиҳаҳои нави энергетикӣ дар қаламрави Тоҷикистон.

Сипас сарони ду давлат Эмомалӣ Раҳмон ва Дмитрий Медведев барои доираи васеъи хабарнигорони дохилию хориҷӣ нишасти матбуотӣ ороста, аз натиҷаҳои сафари расмии Президенти Федератсияи Россия Дмитрий Медведев ба Тоҷикистон изҳори қаноатмандӣ карданд.

Cарони ду давлат ҳамшарикии стратегӣ ва иттифоқчигии ду кишварро бори дигар таъкид намуда, изҳори боварӣ карданд, ки ин сафари расмӣ ва марҳилаи нави муносибатҳо ба ҳамкории васеъи иқтисодии Тоҷикистону Россия асоси боэътимод эҷод мекунанд.

Аз созишномаҳои баимзорасида ва изҳороти сарони ду давлат бармеояд, ки бо иштироки сармоя ва ширкатҳои бузурги Россия ва ҳам мутахассисони баландпояи он дар солҳои наздик дар баробари нерӯгоҳи обии Сангтӯда-1 дар Тоҷикистон 3 нерӯгоҳи дигари обии миёнаиқтидор сохта мешаванд ва баъди 2-3 соли дигар кишвари мо соҳиби гази худӣ мешавад. Ширкатҳои бонуфузи Россия ҳамчунин дар сохтмони нерӯгоҳи бузурги обии Роғун низ иштироки фаъол хоҳанд дошт. Истихроҷ ва коркарди ангишт, уран ва дигар канданиҳои фоиданоки зеризаминӣ низ аз самтҳои пурманфиати ҳамкориҳои дуҷониба хоҳад шуд.

Ифтитоҳи филиали Донишгоҳи Давлатии Маскав ва ду муассисаи дигари олии Россия дар Тоҷикистон ва ҳамчунин таҳсили шумораи зиёди ҷавонон дар мактабҳои олии бонуфузи ин кишвар ба омодасозии кадрҳои баландпоя дар соҳаҳои гуногуни илмҳои дақиқу техникӣ низ заминаи боэътимод мегузорад.

Худи ҳамин рӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Федератсияи Россия Дмитрий Медведев ба пойгоҳи низомии Россия дар Тоҷикистон ташриф оварда, бо шароити будубош ва омодагии ҳарбии он аз наздик шиносоӣ пайдо намуданд.

Боздиди сарони ду давлат аз пойгоҳи низомии Россия, шиносоии наздикашон бо кору фаъолияти низомиён ва нақшаҳои ҳамгироии онҳо бо Қувваҳои Мусаллаҳ ва Қӯшунҳои сарҳадии Тоҷикистон худ нишона аз таваҷҷӯҳи махсус ба рушди ҳамкориҳои ҳарбӣ-техникӣ ва омодагии муштараки онҳо бар зидди хатарҳои ҷаҳони муосир, аз ҷумла терроризм, экстремизм ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир гувоҳӣ медиҳанд.

Зимни шиносоӣ таъкид гардид, ки Пойгоҳи низомии Россия ва ҳамгироии доимии он бо сохторҳои низомии Тоҷикистон кафили сулҳу субот ва амнияту оромӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ аст.

Нимаи дуюми рӯз ба ифтихори сафари расмии Президенти Федератсияи Россия Дмитрий Медведев ба Тоҷикистон зиёфати расмӣ ороста шуд ва зимни он сарони ду давлат оид ба ҳолати имрӯза ва дурнамои муносибатҳои ду шарики стратегӣ андешаҳои ҷолиб баён намуданд.

Дмитрий Медведев изҳор дошт, ки худ ба Тоҷикистон – кишвари дорои таъриху фарҳанги бостонӣ бори аввал омадааст, вале хешовандони наздикаш дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар шаҳри Душанбе кору зиндагӣ кардаанд ва афзуд, ки имрӯз ӯ шоҳиди нақлҳои онҳо оид ба меҳмоннавозӣ ва самимияту кушодарӯйии мардуми тоҷик шуд.

Дар ҳамин гуна фазои дӯстию эътимоди байниҳамдигарӣ ва омодагию ҳавасмандӣ ба идомаи ҳамшарикии стратегӣ ва иттифоқчигии ду кишвар сафари расмии Президенти Федератсияи Россия Дмитрий Медведев ба Тоҷикистон ба поён расид.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520