Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Кувайт ба ташкили ҳамкорӣ дар соҳаи нафт бо Тоҷикистон ҳавасманд аст

24.06.2013 21:17, Кувайт

Нимаи дуюми рӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон як зумра мулоқотҳои судманди дуҷониба анҷом дод.

Дар мулоқот бо Директори иҷроияи ширкати миллии нафтии Давлати Кувайт Низор Муҳаммад ал-Адсонӣ масоили ташкил ва густариши ҳамкорӣ дар соҳаи истихроҷ ва коркарди нафт миёни Тоҷикистону Кувайт баррасӣ шуд.

Низор ал-Адсонӣ изҳор дошт, ки Давлати Кувайт ба ташкили чунин ҳамкорӣ бо Тоҷикистон ҳавасманд аст.

Ҳарду ҷониб омодагии устувори худро ба таҳким ва густариши робитаҳои барои ҳарду ҷониб судбахш таъкид доштанд.
 

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520