Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Кувайт омода аст лоиҳаҳои зиёди зербиноии Тоҷикистонро сармоягузорӣ кунад

24.06.2013 21:23, Кувайт

Нимаи дуюми рӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Раиси Бунёди кувайтии рушди иқтисодии араб Абдулваҳҳоб ал Бадрро ба ҳузур пазируфт.

Дар мулоқот масоили ҳамкории Тоҷикистон бо ин муассисаи бонуфузи молиявӣ баррасӣ шуд.

Бо қаноатмандӣ зикр гардид, ки аз маблағҳои қарзи имтиёзноки байналмилалии барои навсозии роҳи мошингарди Кӯлоб-Дарвоз ҷалбгардида 17 миллион доллараш саҳми Бунёди кувайтии рушди иқтисодии араб мебошад.

Доир ба густариши минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаҳои энергетика, роҳсозӣ, саноати кӯҳӣ, саноати сабуку хӯрокворӣ, кишоварзӣ, сайёҳӣ ва ғайра гуфтугӯйи судманд сурат гирифт.

Абдулваҳҳоб ал Бадр омодагии Бунёди кувайтии рушди иқтисодии арабро, аз ҷумла ба сармоягузории лоиҳаи навсозии нақби обпартои нерӯгоҳи Бойғозӣ ва сохтмони нерӯгоҳҳои нави Шӯроб, Нуробод 1, Нуробод 2 ва дигар лоиҳаҳои зербиноӣ таъкид дошт.

Хотиррасон бояд намуд, ки маблағгузории аксари ин лоиҳаҳо ба тариқи грантӣ сурат хоҳад гирифт.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520