Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Дмитрий Медведев

18.07.2009 19:00, Русия

Зимни мулоқот бо Дмитрий Медведев Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон масоили вобаста ба омодагӣ ба сафари кории пешомади Президенти Федератсияи Русия ба Тоҷикистон ва сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Русияро, ки тирамоҳи соли равон ба вуқуъ хоҳад пайваст, баррасӣ намуд.

Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон изҳори боварӣ намуд, ки зимни ин сафарҳо муносиботи дӯстӣ ва ҳамкории ду кишвар ба сатҳи боз ҳам баланд бардошта мешаванд ва пайомадҳои онҳо ба ҳаллу фасли мушкилоти ҷиддии минтақавӣ низ мусоидат мекунанд.

Сарони ду давлат умедвории зиёди худро аз мулоқоти чорҷонибаи сарони давлатҳои Тоҷикистону Русия ва Афғонистону Покистон, ки ба наздикӣ дар шаҳри Душанбе баргузор хоҳад гашт, таъкид намуданд.

Пурра ба истифода супурда шудани нерӯгоҳи обии Сангтӯда-1, ки ба гуфти сарони ду давлат, аз бузургтарин лоиҳаҳои инвеститсионии бурунмарзии Русия аз замони пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ аст, нишонаи оғози марҳилаи нави ҳамкории иқтисодию сармоягузории Тоҷикистону Русия маънидод гардид.

Дар мулоқот ҳамчунин атрофи авзои кунунии Афғонистону Покистон ва дигар масоили мавриди таваҷҷӯҳ гуфтугӯ сурат гирифт.

Месазад ёдовар шуд, ки Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ин ва дигар масоили ҳамкории Тоҷикистону Русияро ҳамчунин рӯзи 14 июл зимни сӯҳбати телефонии худ бо Дмитрий Медведев аз шаҳри Шарм-уш-Шайхи Ҷумҳурии Мисри Араб баррасӣ намуда буд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520