Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сафари давлатӣ ба Федератсияи Русия

24.10.2009 17:00, Русия

Аз 21 – ум то 23 – юми октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо нахустин сафари давлатӣ дар Федератсияи Русия қарор дошт.
Шукӯҳу шаҳомати хоси сафари давлатӣ ҳанӯз аз маросими истиқболе, ки дар фурӯдгоҳи Внуково – 2 – и шаҳри Маскав баргузор гашт, ҳувайдо буд.

Баҳри истиқболи шоиста майдони фурӯдгоҳ бо сафҳои ҷузъу томҳои Горди фахрии Русия, оркестри низомии асбобҳои нафасӣ ва парчамҳои давлатии ду кишвар оро ёфта буд. Дар ҳамин ҷо ҳамчунин сурудҳои миллии ду давлат навохта шуд.

Маросими истиқбол дар фурӯдгоҳ бо расми гузашти тантанавии ҷузъу томҳои Горди фахрии Русия аз назди меҳмони олимақом ба поён расид.

Шоми рӯзи 21 – уми октябр дар бӯстонсарои давлатии Барвихаи Президенти Федератсияи Русия мулоқот ва зиёфати ғайрирасмӣ дар остонаи сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гашт, ки зимни он дар фазои орому осуда сарони ду давлат - Эмомалӣ Раҳмон ва Дмитрий Медведев оид ҷанбаҳои гуногуни муносибатҳои ҳамшарикии стратегии Тоҷикистону Русия гуфтугӯйи судманд анҷом доданд.

Рӯзи дуюми сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Федератсияи Русия бо маросими гулгузорӣ дар назди оромгоҳи сарбози номаълум оғоз ёфт.

Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон таҳти мусиқии маросимӣ дар назди гулхани абадӣ, ки нишонаи поси хотир ва қадрдонии сарбозони дар роҳи ватан қурбоншуда мебошад, гулчанбар гузошта, бо дақиқаи хомӯшӣ ба арзишҳои давлатдории Федератсияи Русия эҳтиром ба ҷо овард.

Маросими гулгузорӣ бо садо додани сурудҳои миллии ду давлат ба поён расид.

Маросими истиқболи давлатии бахшида ба нахустин сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Федератсияи Русия бо шукӯҳу шаҳомати хоси сафарҳои давлатӣ дар Қасри Бузурги Кремл баргузор гашт.

Ба ин муносибат дар даромадгоҳ ва ҳавлии Кремл ҷузъутомҳои Горди фахрии Полки Президентии Федератсияи Русия саф ороста буданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро Президенти Федератсия Русия Дмитрий Медведев пешвоз гирифта, баҳри адои муқаррароти маросими истиқболи давлатӣ ба толори «Георгий»-и қасри Кремл даъват намуд.

Сарони ду давлат - Эмомалӣ Раҳмон ва Дмитрий Медведев таҳти мусиқии тантанавии фанфараи президентӣ ба толори истиқболи давлатӣ ворид шуданд ва сурудҳои миллии ду кишвар садо доданд.

Шиносоии сарони давлатҳо бо ҳайатҳои расмии ду ҷониб анҷомбахши маросими истиқболи давлатӣ гашт.

Масоили ҷорӣ ва дурнамои муносибатҳои ҳамкории Тоҷикистону Русия нахуст дар мулоқоти хосаи сарони ду давлат баррасӣ гардид.

«Тоҷикистону Русия шарикони боэътимод ва аз санҷишҳои давру замон гузаштаанд ва муносибатҳои ба манфиати мардумони ду кишвар рушдёбанда омили таҳкими амнияту субот дар минтақаи Осиёи Марказӣ мебошанд», - таъкид намуд зимни сӯҳбат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва изҳори боварӣ намуд, ки «суръати имрӯзаи ҳамкориҳои дуҷониба оид ба татбиқи нақшаҳои ба ояндаи дур нигарондашуда минбаъд боз ҳам баландтар хоҳад шуд».
Дмитрий Медведев аз пайвастагии мулоқотҳои роҳбарияти олии ду кишвар изҳори қаноатмандӣ карда, баргузор гаштани сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба Федератсияи Русия авҷи олӣ ва идомаи мантиқии вохӯриҳои дигари имсола номид ва муносибатҳои Тоҷикистону Русияро «рушдёфта, наздик, дӯстона ва дорои мӯҳтавои ҳамшарикии стратегӣ» маънидод кард. Таъкид гардид, ки ин 6 – умин мулоқоти сарони давлатҳои Тоҷикистону Русия дар соли равон аст.

Баррасии муфассали масоили ҳамкории Тоҷикистону Русия сипас дар гуфтушуниди расмӣ бо иштироки ҳайатҳои ду ҷониб идома ёфт.

Ҷонибҳо ҳамчунин ба татбиқи натиҷаҳои мулоқоти 4 – ҷонибаи сарони давлатҳои Тоҷикистон, Русия ва Афғонистону Покистон, ки моҳи июли соли равон дар шаҳри Душанбе баргузор гашта буд, таваҷҷӯҳи хос зоҳир намуда, таъкид бар он доштанд, ки муттаҳидсозии имкону захираҳои муштарак баҳри ҷалби сармоягузории хориҷӣ ба ин минтақа ва мусоидат ба амнияти минтақавӣ басо муҳим аст.

Сарони ду давлат - Эмомалӣ Раҳмон ва Дмитрий Медведев ҳавасмандии устувори худро ба таҳким ва густариши минбаъдаи ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистону Русия таъкид намуданд.

Эмомалӣ Раҳмон Дмитрий Медведевро даъват намуд, ки ба Тоҷикистон бо сафари ҷавобии давлатӣ ташриф биёрад. Даъват бо арзи сипос пазируфта шуд.

Баъди анҷоми мулоқоту гуфтушунидҳо Баёнияи муштараки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Президенти Федератсияи Русия ба имзо расид.

Сарони ду давлат - Эмомалӣ Раҳмон ва Дмитрий Медведев дар охир нишасти матбуотӣ ороста, аз натиҷаҳои мулоқоту гуфтушунидҳои дуҷониба изҳори қаноатмандӣ карданд.

Президенти Федератсияи Русия Дмитрий Медведев ба муносибати нахустин сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар толорҳои Андреев ва Александрови қасри Кремл зиёфати бошукӯҳи давлатӣ орост.

Масоили вобаста ба заминаи ҳуқуқии ҳамкориҳои гуногунҷанбаи Тоҷикистону Русия ва робитаҳои байнипарлумонии ду кишвар зимни мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Маҷлиси федералии Шӯрои Федератсияи Русия Сергей Миронов баррасӣ шуд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз робитаҳои мустақими байниминтақавӣ, ки бо зиёда аз 70 минтақаи Русия ба роҳ монда шудааст, изҳори қаноатмандӣ карда, ба нақши Шӯрои Федератсияи Русия ва Форуми байнипарлумонии «Тоҷикистон-Русия: имконоти ҳамкории байниминтақавӣ» дар ин самти корӣ баҳои баланд дод.

Шоми рӯзи 22 – юми октябр Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар қароргоҳи муваққатии худ дар қасри Кремл бо намояндагони вазорату идораҳо ва дигар мақомоти давлатии Тоҷикистон, ки дар Русия фаъолият мекунанд, машварати корӣ доир намуда, дар назди онҳо баҳри дар амал татбиқ намудани мувофиқаҳое, ки зимни сӯҳбатҳо бо Президенти Федератсияи Русия Дмитрий Медведев оид ба таҳким ва густариши ҳамкориҳо, аз ҷумла доир ба ҳифзи манфиатҳои давлати Тоҷикистон ва шаҳрвандони он дар ин кишвари паҳновар ба даст омаданд, вазифаҳои мушаххас гузошт.

Субҳи рӯзи 23 – юми октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар чаҳорчӯби барномаи сафари давлатии худ ба Федератсияи Русия бо роҳбарият ва ҳайати омӯзгорию профессорӣ ва донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи Михайло Ломоносов мулоқот намуд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар назди онҳо ба нақши ин донишгоҳи дорои обурӯю нуфузи ҷаҳонӣ дар ташкил ва рушди таҳсилот ва илм дар Тоҷикистон, омода кардани олимон ва мутахассисони тоҷик дар соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа ва таъмини муассисаҳои илмию таълимии мо бо техникаю таҷҳизоти зарурӣ баҳои баланд дода, ба идомаи минбаъдаи анъанаҳои хуби ҳамкории илмию таҳсилотӣ бо Русия ҳавасмандии устувори давлати Тоҷикистонро таъкид намуд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин аз фаъолияти пурсамари бисёр хатмкардагони ин донишгоҳ дар муассисаҳои илмию таълимӣ ва дигар соҳаҳои хоҷагии халқи Тоҷикистон бо қаноатмандӣ ёдовар шуд.

Аз ифтитоҳи филиали Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи Михаил Ломоносов дар шаҳри Душанбе ва омодагӣ ба кушодани филиалҳои ду донишкадаи бонуфузи дигари Маскав дар Тоҷикистон изҳори хушнудӣ карда шуд.

Бо қарори Шӯрои илмии Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи Михаил Ломоносов Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои саҳми арзандааш дар таҳким ва густариши ҳамкориҳои гуногунҷанбаи Тоҷикистону Русия, аз ҷумла дар соҳаҳои илму маориф, бо унвони «Профессори фахрӣ» - и ин муассисаи бонуфузи илмию таълимӣ сарфароз гардонда шуд.

Нимаи дуюми рӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо унвони «Доктори фахрӣ» - и Институти шарқшиносии Академияи илмҳои Русия сарфароз гардонда шуд.

Зимни ҷамъомади тантанавии Шӯрои илмии институт ба нақши Тоҷикистон ва фарзандони барӯманди халқи тоҷик, аз ҷумла Бобоҷон Ғафуров ва Эмомалӣ Раҳмон дар рушди шарқшиносии ҷаҳон баҳои баланд дода шуд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Маскав бо истифода аз фурсати муносиб бо зиёда аз 300 нафар тоҷикону тоҷикистониён, ки дар Русия кору зиндагӣ ва таҳсили илм мекунанд, мулоқот анҷом дода, оид ба роҳҳои ҳаллу фасли мушкилоти мавҷуда бо онҳо мубодилаи афкор намуд.
Бояд хотиррасон кард, ки ин баъд аз вохӯриҳои Қазон, Маскав, Челябинск ва Екатеринбург панҷумин мулоқоти густурдаи сарвари давлат бо ҳамватанони муқими кишвари паҳновари Руссия аст.

Чунонки аз рафти сӯҳбат ва саволу ҷавобҳо маълум гашт, аксари мушкилоте, ки дар мулоқотҳои пешин зикр мегардиданд, дар натиҷаи андешидани тадбирҳои судманд ҳалли худро ёфтаанд.

Таъкид гардид, ки бо гузашти айём имрӯз нуфузу эътибори тоҷикон дар Федератсияи Русся рӯ ба болоравӣ дорад.
Дар зиёда аз 70 минтақаи Русия бомуваффақият фаъолият намудани ҷамъиятҳои фарҳангии тоҷикон гувоҳи возеҳи торафт баланд шудани обурӯи онҳо маънидод гардид.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520