Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шиносоӣ бо рафти сохтмони нахустин кӯдакистони Президентӣ

19.06.2013 08:52, шаҳри Хуҷанд

Субҳи имрӯз боздиди кории Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон аз вилояти Суғд дар шаҳри Хуҷанд идома ёфт.

Тавре аён гардид, кӯчаю хиёбонҳои ин шаҳри бостонӣ ба истиқболи солгарди навбатии Рӯзи Ваҳдати Миллии Тоҷикистон ба таври идона ороста шуда, корҳои зиёди созандагию бунёдкорӣ анҷом ёфтаанд. Аз ҷумла дар 5 моҳи соли равон 35 иншооти нав ба кор даромада, дар онҳо якуним ҳазор нафар соҳиби кори доимӣ гардидаанд. Тибқи нақша то охири сол шумораи иншооти нав ба 70 адад ва ҷойҳои нави корӣ бояд ба 3 ҳазор расонда шавад.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон нахуст бо рафти сохтмон ва таҷҳизи нахустин кӯдакистони президентӣ, ки дорои навовариҳои зиёди замони муосир хоҳад буд, шинос шуд.

Тавре иттилоъ доданд, сохтмони ин кӯдакистон дар шаҳри Хуҷанд охирҳои моҳи феврали соли 2013 оғоз ёфта, то 1 июн аз 16 миллион сомонӣ маблағҳои буҷетии барои ин кор пешбинишуда 5,7 миллион сомонӣ ба корҳои сохтмону васлкунӣ харҷ шудааст.

Дар бинои асосии кӯдакистон ҳавзи шиноварии кӯдакона, толори машқи мусиқӣ ва ҳуҷраи компютерӣ пешбинӣ шуда, биноҳои дигар низ аз шароити хуби замонавӣ бархӯрдор хоҳанд буд. Дар ҳудуди кӯдакистон 16 майдони бозию шавқмандсозии кӯдакон, як майдончаи варзишӣ ва як майдон барои омӯзиши бехатарии ҳаракат дар роҳ бо таҷҳизоти замонавӣ муҷҷаҳаз хоҳанд шуд.

Ин кӯдакистон, тибқи лоиҳа бо 5 бинои дуошёна барои 640 кӯдаки болаёқату соҳибистеъдод пешбинӣ шуда буд. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод намуд, ки биноҳо боистифода аз масолеҳи сабуки сохтмонӣ сеошёна карда шуда, шумораи кӯдакон ба 1000 нафар расонда шавад. Дастур дода шуд, ки сохтмони кӯдакистон то 1 уми ноябри соли 2013 ба поён расонда шавад.

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин дастур дод, ки дар болои бомҳои биноҳо панелҳои офтобӣ барои таъмини мустақил бо нерӯи барқ гузошта шаванд. Таъкид гардид, ки биноҳои кӯдакистон бояд дорои навтарин шабакаҳои таъмини бехатарӣ аз сӯхтор ва шароити беҳтарини гигиению санитарӣ бошанд.

Ҳоло дар иншоти мазкур беш аз 300 нафар бинокорон бо кор ва маоши баланд таъмин гардида, корҳои сохтмону васлгариро бо суръат ва сифати хуб идома медиҳанд.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520