Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ташрифи корӣ ба ноҳияи Ашт

18.06.2013 12:16, ноҳияи Ашт

Аз ноҳияи Ғончӣ Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Ашт ташриф овард.

Бо иштироки Сарвари давлат нахуст дар шаҳраки Шайдони ноҳияи Ашт маҷмааи варзишии замонавӣ бо шароити муосири машқу тамрин аз рӯйи намудҳои гуногуни варзишу тарбияи ҷисмонӣ ва бо 300 ҷои нишаст барои тамошобинон ифтитоҳ ёфт.

Чунонки иттилоъ доданд, бинои дуошёнаи маҷмааи варзишӣ бо харҷи 1 миллиону 700 ҳазор сомонӣ маблағҳои буҷетӣ бунёд ёфта, дорои толорҳо барои бозиҳои волейбол, баскетбол, бокс, гӯштингирӣ ва фитнес клуб мебошад.

Инчунин маҷмаа дорои утоқҳои корӣ, утоқҳо барои ивази сару либос, 5-ҷойи шустушӯй барои писарон ва 5-ҷой барои духтарон ва дигар шароити зарурӣ мебошад.

Миёни Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ва варзишгарони ноҳия суҳбати озоду самимӣ сурат гирифт. Онҳо ба роҳбари давлат қавл доданд, ки бо истифода аз чунин шароити хуби муҳайёгардида барои расидан ба қуллаҳои баланди варзишӣ дар мусобиқаҳои бонуфузи минтақавию ҷаҳонӣ ҷаҳду талош хоҳанд кард.

Дар яке аз толорҳои маҷмааи варзишӣ Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба 26 нафар кӯдакону наврасоне, ки аз падар ва ҳам модар ятим мондаанд, кумаки моддӣ ва тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдим намуд.

Дар рӯ ба рӯӣ бинои маҷмаа майдончаи варзиши сабук ва ҳавзи шиноварӣ низ мавҷуд буда, атрофи онҳо бо тарҳи муосир зебою ороста гардидааст.

Дар ҳамин ҷо Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба соҳаи маорифи ноҳияи Ашт 100 комютер туҳфа намуд ва бо ҳамин нишондодҳои барномаи давлатиии компютеркунонии мактабҳои ноҳия қариб 100% иҷро шуд.

Дар маркази ноҳияи Ашт бо иштироки Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон мумфаршсозии роҳҳои маҳаллӣ оғоз ёфт.

Тавре иттилоъ дода шуд, бо маблағгузории буҷетӣ 5 км роҳҳои шаҳрак дар муддати кӯтоҳ бояд навсозӣ шаванд. Оянда 2 километри дигари роҳҳои маркази ноҳия бо маблағҳои худии ҳамин ширкати роҳсоз ва 5 километри боқимонда бо дастгирии соҳибкорони маҳаллӣ навсозӣ мешаванд. Бо ҳамин навсозии роҳҳои маркази ноҳия пурра анҷом меёбад.

Чунонки зикр гардид, имрӯзҳо қариб дар тамоми шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд навсозии роҳҳои фарсудаи мошингард васеъ ба роҳ монда шудааст.

Дар хоҷагии деҳқонии Амири ҷамоати шаҳраки Шайдони ноҳияи Ашт Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолияти иншооти захира ва банду басти меваи тару тоза ва хушк барои содирот, ки бо номи Зардолу ва компания маъруф гардидааст, шинос шуд.

Иншооти Зардолу ва компания соли 2012 бо харҷи 645 ҳазор сомонӣ маблағҳои 8 хоҷагии деҳқонии боғпарвари ноҳия ва 30% маблағҳои шарикони хориҷӣ сохта шуда, ба кор даромадааст.

Ин иншоот аз 4 қисмат иборат буда, масоҳати умумиаш 675 метри мураббаъ аст. Қисмати якуми он барои қабули мева, қисмати дуюм барои навъҷудокунӣ, поксозӣ ва банду басти он барои содирот, қисмати сеюм барои нигоҳдорӣ дар сардхона ва қисмати чорум барои бор кардан ба нақлиёти махсуси боркаши дорои яхдон пешбинӣ шудаанд.

Иншоот дар як шабонарӯз метавонад то 50 тонна меваи тару тозаро қабул ва ба содирот омода намояд.

Дар сардхонаҳои иншоот то 200 тонна мева дар як вақт дар ҳарорати зарурӣ нигоҳ дошта мешавад.

Соли гузашта аз корхонаи Зардолу ва компания 600 тонна меваи тар ва 70 тонна меваи хушк ба фурӯш рафтааст. Имсол бошад, то имрӯз аллакай 750 тонна меваи тар содирот шуда, то охири мавсим имкон ҳаст, ки ин нишондод ба якуним тонна расонда шавад.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон таъкид дошт, ки барои афзун намудани нишондодҳои истеҳсол, коркард ва содироти меваи тару хушк аз тамоми имкону захираҳои мавҷуда бояд васеъ истифода карда шавад, зеро аз ҳисоб афзун намудани иқтидори содиротии кишвар имконпазир аст.

Хоҷагии деҳқонии Амир, ки иншооти мазкур дар ҳудуди он қарор дорад, дорои 40 гектар боғи зардолуи ҳосилдеҳ буда, дар он 12 нафар саҳмдорон кор мекунанд. Ба иттилои роҳбари хоҷагии деҳқонӣ Пӯлод Ашӯров, дар ин иншооти коркард ва ба содирот омодасозии меваи тару тоза 55 нафар бо кор таъмин мебошад.

Роҳбарияти корхона азм доранд, ки оянда боз як сардхонаи бузург бунёд карда, содироти мева ва шумораи коргаронро афзун намоянд.

Дар саҳни ин иншоот Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин шоҳиди намоишгоҳи маҳсулоти гуногуни кишоварзӣ, аз ҷумла меваю сабзавоти тару тоза, хушк ва коркардшуда гардид, ки ҳама маҳсули заҳмати аҳли хоҷагии Амир ва ин иншооти коркарди мева мебошад.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520