Дар бинои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бо 55 нафар писари духтарони ятим, ки аз падар ва модар маҳрум мондаанд, мулоқот намуда, ба ҳар яки онҳо кумаки моддӣ ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим намуд.
Зимни суҳбати самимӣ Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз ҳоли рӯзгорашон пурсон шуда, онҳоро ба хониши хубу аъло ва аз бар кардани илмҳои замона ҳидоят намуд.
Ба роҳбарияти сохторҳои масъули маҳаллию вилоятӣ дастур дода шуд, ки вазъи зиндагӣ, мактабхонӣ ва таъмини ояндаи хуби онҳоро таҳти назорати доимӣ қарор диҳанд.