Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шиносоӣ бо рафти навсозии роҳи мошингарди Айнӣ-Панҷакент

17.06.2013 13:06, шаҳри Панҷакент

Тавре зикр гардид, яке аз ҳадафҳои асосии ташрифи Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Панҷакент шиносоӣ бо рафти навсозии роҳи мошингарди Айнӣ-Панҷакент аст.

Дар километри 98-и роҳ, ки дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Чинор қарор дорад, Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо рафти корҳои навсозии ин роҳ бевосита шинос шуд.

Чунонки маълум шуд, корҳо барои омодасозии қабати поёнии роҳ оғоз ёфта, кандани рӯйпӯши кӯҳнаи роҳ, васеъ намудани бари он ва мутобиқ гардонидан ба нишондиҳандаҳои лоиҳавӣ идома дорад.

Дар марҳилаи кунунӣ ба ин кор 120 адад техникаю механизмҳои гуногун, аз ҷумла мошинҳои боркаш, мошинҳои обпошӣ, булдозеру экскаватор ва ғелак сафабар шуда, 30 адад техникаи нави дигар рӯзҳои наздик ба ин ҷо расонда мешавад.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз суръати навсозии роҳи мошингарди Айнӣ-Панҷакент изҳори норозигӣ карда, супориш дод, ки барои ислоҳи ин ҳолат кор якбора дар зиёда аз 10 қитъаи роҳ ташкил карда шавад. Таъкид гардид, ки то охири соли равон бояд 40% корҳо анҷом дода шавад. Ҳамчунин таъкид гардид, ки 90% мутахассисону коргарон бояд шаҳрвандони Тоҷикистон, пеш аз ҳама аз аҳолии маҳаллӣ бошанд.

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дастур дод, ки тамоми корҳо бо сифати баланд анҷом дода шаванд, то ки ин роҳи дорои аҳамияти ҷумҳуриявӣ ва минтақавию байналмилалӣ ба стандартҳои ҷаҳонӣ мувофиқ гардида, солиёни дароз хизмат кунад.

Хотиррасон гардид, ки дарозии ин роҳ 113 км буда, 10 км-и дохили шаҳри Панҷакент иборат аз 4 хатти ҳаракат ва боқимондаи роҳ аз 2 хатти ҳаракат иборат буда, паҳноии роҳи духата 7 м хоҳад буд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520