Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шиносоӣ бо вазъи корҳои кишоварзӣ дар шаҳри Панҷакент

17.06.2013 12:58, шаҳри Панҷакент

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба хоҷагии деҳқонии Барги гул ташриф оварда, бо кори намунавии аҳли заҳмати он шинос шуд.

Аз иттилои роҳбари хоҷагӣ Абдурраҳмон Суюнов маълум шуд, ки хоҷагӣ дорои 43 га замини корам, аз ҷумла 12 га обӣ ва 64 саҳмдор буда, асосан бо парвариши ғалладона ва картошкаю дигар сабзавот машғул аст. Аҳли заҳмати хоҷагӣ умед доранд аз замини картошкаи барвақтӣ 400 сентнерӣ ва гандум 60 сентнерӣ ҳосил ҷамъоварӣ карда, дар ҷойи он такроран дигар зироатҳоро кишт намоянд.

Деҳқонони хоҷагӣ талош доранд, ки аз ҳар ваҷаб замин пурсамар истифода баранд, аз ҷумла тавассути васеъ ба роҳ мондани кишти такрорӣ.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба бахши картошкапарварӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, таъкид дошт, ки аз имкону захираҳои фаровон барои зиёд намудани майдонҳоии кишти ин зироат, афзун намудани ҳосилнокӣ ва истеҳсоли картошка бояд васеъ истифода карда шавад. Иттилоъ дода шуд, аҳли заҳмати шаҳри Паҷакент барои иҷрои супоришҳои Президенти кишвар кушиши зиёд ба харҷ додаанд ва умедворанд, ки имсол зиёда аз 100 ҳазор тонна картошка ҷамъоварӣ менамоянд.

 

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520