Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Оғози сафари корӣ ба вилояти Суғд

17.06.2013 09:18, шаҳри Панҷакент

Имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон барои шиносоӣ бо вазъи зиндагии мардум, ифтитоҳи як қатор иншооти нави иҷтимоию иқтисодӣ ва фарҳангӣ ва оғози сохтмони иншооти зиёди дигар ба вилояти Суғд сафар кард.

Тайи боздиди корӣ Сарвари давлат ба чанде аз шаҳру ноҳияҳои вилоят ташриф оварда, бо мардуми касбу кори гуногун мулоқоту суҳбатҳо анҷом медиҳад.

Боздиди Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон аз шаҳраки Суғдиёни шаҳри Панҷакент оғоз ёфт.

Дар ин ҷо бо иштироки Сарвари давлат коргоҳи холисгардонии тилло дар назди Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди корхонаи муштараки Зарафшон ифтитоҳ ёфт.

Таъкид гардид, ки ин нахустин коргоҳи холисгардонии тилло то дараҷаи 99,99% аст. Аз ҷониби Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба нахустин рехати 3 килограммаи тиллои холис рақами 1 гузошта шуд.

Тавре зикр гардид, ин коргоҳ бо иқтидори ҳозирааш метавонад дар як сол то 7 ҳазор килограмм тиллои холиси дараҷаи 99,99% истеҳсол намояд. Ба иттилои роҳбарияти корхона, дар оянда иқтидори он ба истеҳсоли то 10 ҳазор килограмм тиллои холис дар як сол расонда мешавад.
Дар коргоҳи мазкур ҳоло наздики 70 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон бо кори доимӣ таъмин шудаанд.

Дар назди ширкати муштараки Зарафшон, ҳамчунин сохтмони коргоҳи нави маъдантозакунӣ бо иқтидори шабонарӯзии коркарди 10 ҳазор тонна маъдан оғоз ёфт. Тибқи нақша, ин корхона то семоҳаи сеюми соли 2014 бояд ба истифода дода шавад. Дар ин корхона беш аз 300 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон бо кори доимӣ таъмин хоҳанд шуд.

Ҳамчунин, иттилоъ дода шуд, ки то охири соли 2013 асосноккунии иқтисодию техникии сохтмони коргоҳи коркарди миси холис аз ҷониби ширкати муштараки Зарафшон ба итмом расонда мешавад. Ҳоло дар ширкати муштараки Зарафшон дар маҷмӯъ наздики 2300 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон ва 39 нафар шаҳрванди хориҷӣ фаъолият доранд.

Тавре таъкид гардид, то соли 2015 барои афзун намудани нишондодҳои истеҳсолии ширкати муштараки Зарафшон иловатан зиёда аз 100 миллион доллари амрикоӣ маблағгузорӣ карда мешавад. То ин вақт тайи 6 соли кор дар кони Зарафашон ширкати чинии Зиҷин беш аз 210 миллион доллари амрикоӣ сармоягузорӣ намуда, ба буҷети кишвар 22 миллион доллари амрикоӣ андоз супурдааст. Истеҳсоли солонаи тилло ҳоло ба 1,5 тонна расидааст. Тибқи нақшаҳои мавҷуда то солҳои 2014-2015 истеҳсоли тилло ба 4-5 тонна ва шумораи коргарон бояд ба 3 ҳазор нафар расонда шавад.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520