Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳисоботи телефонии Раиси вилояти Хатлон Ғайбулло Авзал ва роҳбарони ноҳияҳои Фархор, Панҷ, Қумсангир, Ҷиликул, Қубодиён ва Шаҳритус

07.06.2013 11:50

Имрӯз ба Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон Раиси вилояти Хатлон Ғайбулло Авзал ва раисони ноҳияҳои Фархор, Панҷ, Қумсангир, Ҷиликул ва Қубодиёну Шаҳритус телефонӣ ҳисобот доданд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон зимни ҳисоботи онҳо ба масоили вобаста ба ҷамъоварии ҳосили ғалладона, хусусан аз заминҳои обӣ ва вусъат додани кишти такрорӣ таваҷҷуҳи бештар зоҳир намуда, барои ташкили хуби кор дар ин самт супоришҳои мушаххас дод. Таъкид гардид, ки ҳосили ғалладонаи заминҳои обӣ бояд ҳарчи зудтар ҷамъоварӣ шуда, дар ҷойи он кишти такрорӣ ба роҳ монда шавад.

Таваҷҷуҳи зиёд ба мавзӯи ҷамъоварӣ ва содироти меваю сабзавот ба хориҷи кишвар ва ҳамчунин ба захира намудани хӯроки чорво зоҳир карда шуд ва таъкид гардид, ки имсол обу ҳаво барои афзун намудани нишондодҳо дар самти кор басо мусоид омадааст.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба Ғайбулло Авзал ва роҳбарони ноҳияҳои номбурдаи вилояти Хатлон, ҳамчунин доир ба вусъат додани корҳои ободонию созандагӣ, муҳайёсозии ҷойҳои нави корӣ ва афзун намудани нишондодҳои истеҳсолӣ дастуру ҳидоятҳо дод.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520