Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Суханронӣ дар маросими оғози сохтмони роҳи оҳани Туркманистон – Афғонистон – Тоҷикистон

06.06.2013 10:59, Туркманистон

Ҷаноби Олӣ мӯҳтарам Президенти Туркманистон Гурбангули Маликгулиевич Бердимуҳамедов!
Ҷалолатмаоби мӯҳтарам Раисҷумҳури Ҷумҳурии Исломии Афғонистон
Ҳомид Карзай!
Бинокорони арҷманд!
Хонумҳо ва ҷанобон!

Мо имрӯз шоҳид ва ширкаткунандаи рӯйдоди таърихӣ ва дорои аҳамияти минтақавӣ ҳастем. Аз ин рӯз сар карда, орзуи чандинсолаи мардумони Тоҷикистон, Афғонистон ва Туркманистон, ки аз бунёди роҳи оҳани пайвасткунандаи се кишвари бародар иборат буд, ҷомаи амал мепӯшад.

Ин рӯйдод, бешубҳа, дар саҳифаҳои таърихи ҳамкории халқҳои мо бо ҳарфҳои заррин сабт хоҳад гардид.

Дар рӯзҳои таҷлили ҷашни байналмилалии «Наврӯз» мо, сарони се давлат, дар Ашхобод санади татбиқи амалии муштараки лоиҳаи имрӯзаро ба имзо расонида будем. Ва инак, имрӯз, яъне баъди дуюним моҳ, ба шарофати талошҳои пайгиронаи Президенти Туркманистон муҳтарам Гурбангули Маликгулиевич Бердимуҳамедов мо бори дигар дар сарзамини зебои туркманҳо ҷамъ омадем, то ки ин маросими бошукуҳи оғози бунёди роҳи нави оҳанро баргузор намоем.

Мо итминон дорем, ки ин шоҳроҳи ҳамкориҳо ва азми созандаи мамлакатҳои мо на фақат беҳтарин василаи ҳаракати мусофирон ва интиқоли борҳо, балки омили муҳими таҳкими дӯстиву бародарии мардумони кишварҳоямон хоҳад гашт.

Аҳамияти стратегии ин роҳ на танҳо аз нигоҳи боз ҳам бештар ба ҳам наздик гаштани кишварҳо ва мардумони мо, балки дар самти ҳалли як силсила масъалаҳои минтақавии иқтисодӣ, инфрасохторӣ, иҷтимоӣ ва гуманитарӣ низ комилан возеҳ мебошад.

Тавре таҷрибаву амалия собит месозад, дар ҷодаи рушди босуръат фақат давлатҳое ҳамаҷониба муваффақ мегарданд, ки миёни ҳамдигар роҳҳои хуб ва муосири иртиботӣ дошта бошанд. Гузашта аз ин, шабакаи роҳҳои мошингарду оҳан, ки аллакай бунёд ёфтаанд, ё худ сохта мешаванд, намунаи эҳёи воқеии Роҳи бузурги абрешим мебошанд.

Тасодуфӣ нест, ки роҳҳои оҳанро ба «рагҳои хунгард» ташбеҳ медиҳанд. Дар ин росто дар солҳои наздик ба истифода додани роҳи нави оҳан рушди муштараки устувори моро ба хотири ҳалли масъалаҳои иҷтимоиву иқтисодии аҳолии кишварҳоямон, таҳкими робитаҳои арзишманди башарӣ ва, албатта, боло бурдани сатҳи зиндагии шаҳрвандон имконпазир хоҳад кард.

Табиист, ки қад – қади роҳи нави оҳан ва алалхусус дар атрофи истгоҳҳои он ҳаёти сокинони маҳаллӣ ва заминҳои бекорхобида ободу зебо гашта, корхонаҳо, нуқтаҳои нави савдо ва шабакаҳои хизматрасонӣ ба фаъолият шурӯъ хоҳанд кард.

Ин роҳ барои мураттаб боло бурдани сатҳи зиндагии мардумонамон ва муҳайё шудани имконоту ҷойҳои ҷадиди корӣ шароити мусоид эҷод хоҳад кард, ки он, дар навбати худ, ҷиҳати рушди нерӯҳои созандаи кишварҳоямон заминаи мустаҳкаме хоҳад шуд.

Беҳуда нест, ки дар замони муосир масъалаи бунёди роҳҳои нави байнидавлатии оҳан, бемуболиға, аз ҷумлаи масъалаҳои муҳимтарини ҳамкориҳои минтақавӣ ба шумор меравад.

Агар минтақаи мо дар маҷрои равандҳои глобалию минтақавӣ, аз ҷумла дар масири роҳҳои транзитӣ, қарор гирад, пас ин ба таҳкими тамоюлоти ҳамгироӣ такони бузург бахшида, ин қаламравро ба иттиҳоди воқеии минтақавӣ табдил хоҳад дод.

Тоҷикистон, ба мисоли Туркманистону Афғонистон, ҷонибдори самимии ҳамкориҳои мукаммал ва судманди минтақавӣ мебошад. Зеро фақат эҷоди шароити мусоид барои ҳаракати озоди молу хизматрасонӣ, сармоя ва қувваи корӣ имкон фароҳам месозад, ки дар солҳои наздик маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишварҳои минтақаи мо, ҳадди ақалл, ду баробар афзоиш ёбад.

Зиёда аз ин, матлабе бебаҳс аст, ки Осиёи Марказӣ фақат ба ҳайси бозори ягона метавонад барои сармоягузорон ҷолиб ва муносиб бошад.

Агар дар бораи кишварҳои мо сухан равад, пас бояд тазаккур диҳем, ки солҳои охир миёни онҳо робитаҳои тиҷоратӣ бо суръати баланд густариш меёбанд. Бо бунёди инфрасохтори нақлиётиву транзитӣ рушди соҳаҳои мухталифи истеҳсолот тавсеа хоҳад ёфт. Ва дар ин арса барои фаъолияти муштараки мо яқинан майдони васеъ вуҷуд дорад.

Мутмаинам, ки анҷоми сохтмони роҳи нави оҳан ва дар ояндаи начандон дур мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани он ба мо имкон фароҳам хоҳад овард, ки ба сӯи ҳадафҳои созандаву дарозмуҳлатамон зудтар ва хубтар ҳаракат кунем.

Бо истифода аз фурсати муносиб, ба дӯстам Президенти Туркманистон Гурбангули Маликгулиевич Бердимуҳамедов барои даъваташон ҷиҳати ширкат дар ин чорабинии муҳими таърихӣ изҳори сипос менамоям. Ҳузури Ҷалолатмаоб, дӯсти мо, Раисҷумҳури Ҷумҳурии Исломии Афғонистон муҳтарам Ҳомид Карзай низ ба ин маросим шукӯҳи тозае зам кард.

Иҷозат фармоед, бад-ин васила ҳамаи мардумони кишварҳоямон ва аз ҷумла тамоми ҳозиринро ба муносибати ин рӯйдоди муҳим табрик гӯям ва ба ҳар яки шумо саломативу саодат ва дар кору зиндагиатон, аз ҷумла дар татбиқи амалии ин тарҳи муҳим барори кор орзу намоям.

Аз таваҷҷӯҳатон сипосгузорам.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520